Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

14 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсии мақомот бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

 

Чорабиниро муовини якуми директори Агентӣ - Расулӣ Б. ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлати навини тоҷикон ибрози андеша намуданд.

 

Қайд гардид, ки аз ҷониби мардуми сарбаланду хештаншиноси тоҷик дар шакли ҷумҳурии президентӣ қабул карда шудани низоми идоракунии давлатдории Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсият ва хидматҳои бузургу шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии ногусастанӣ дорад.

 

Инчунин, дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ оид ба аҳамияти муҳими таърихӣ доштани ин сана дар ҳаёти мардуми шарифи Тоҷикистон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд ва вобаста ба мавзӯъ видеороликҳои иҷтимоӣ барои тамошои ҳозирин гузошта шуданд.

Дар фаровард муовини якуми директори Агентӣ ҳайати шахсиро бори дигар бо «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона муборакбод намуда, саломатию бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу сафои ҷовидонаро таманно намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан

Footer