Баргузории ҳамоиш бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 ноябри соли 2024 дар раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати шахсӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

 

Зикр гардид, ки 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

 

Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо ва рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст.

 

Дар чорабинӣ бахшида ба ин рӯз кормандони раёсат дар мавзӯъҳои “Президент- ифтихори мо” ва “ Иҷлосияи тақдирсоз” баромад намуданд ва дар умум ҳамоиш дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аз ин рӯйдоди бузурги таърихӣ сурат гирифт.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Footer