ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ «33-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ
Санаи 07 сентябриӯ соли 2024 дар маркази ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи муносиб таҷлил намудани ҷашни «33-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҷлиси идона ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар рафти он директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ директори Агентӣ Султонзода С.С. ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин ҷашни фараҳманд табрику муборакбод намуда, қайд намуданд, ки Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузург ва муқаддаси халқу миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, маҳз бо шинохти ҳамин арзиш ҳамасола ин санаи муборакро ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, нишонаи ҳувият, озодӣ ва сарфарозӣ бо самимияту шукргузорӣ аз ободию озодӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ таҷлил менамоянд.
Дар ин раванд, андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар баромадҳои худ ҷиҳати дарки қадру манзалати ин шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, мунтазам баён медоранд, мо - мардуми шарифи Тоҷикистонро, ба ҳайси пайравони Пешвои худ, бояд ба он водор созад, ки ба ин санаи муборак бо сидқу эътимоди қавӣ эҳтироми хоса гузорем.
Зимнан, дар идомаи чорабинӣ як қатор масъулини ниҳодҳо ва сокинони ноҳияи Дӯстӣ бинобар расидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ноҳия бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда, дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ ба сокинон барномаи фарҳангии идона бо ҷалби сарояндаву овозхонҳои шинохтаи кишвар намоиш дода шуд.
Дар маҷмӯъ, ҷашни «33-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Дӯстӣ дар сатҳи баланд ва фазои идона таҷлил гардида, ҷиҳати хушҳолии сокинон дар ҳудуди ноҳия чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ муддати якчанд рӯз идома хоҳад ёфт.



Маркази матбуоти Агентӣ



