Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Чораҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар соҳаи нақлиёт»
31 январи соли 2025 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муколамаи масоили муқовимат ба коррупсия дар соҳаи нақлиёт дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Чораҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар соҳаи нақлиёт» баргузор намуд.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва масъулини Агентӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои зертобеи он, аз ҷумла Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, муассисаҳои давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», «Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаҳои равшандиҳӣ», Корхонаҳои воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба мавзӯъ баён намуданд.
Нахуст чорабиниро муовини якуми директори Агентӣ ифтитоҳ намуда, вобаста ба чораҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар соҳаи нақлиёт, рафти амалисозии сиёсати зиддикоррупсионӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионии ҷойдошта дар ин соҳа ибрози андеша намуданд.
Зимнан, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки иҷрои вазифаҳои хизматии худро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия дар соҳаи нақлиёт мунтазам равона намуда, дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён бо маърӯзаҳо баромад карда, ҷиҳати рушди соҳа, аз байн бурдани омилҳои инсонӣ зимни хизматрасониҳои нақлиётӣ, роҳу усулҳои самараноки муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат таклифу пешниҳодҳои муфиди худро манзур намуданд.

Дар умум конфронс дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён ба кори он баҳои баланд доданд.

Маркази матбуоти Агентӣ



