КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ОМИЛИ АСОСИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ»

Дар ҳошияи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва бахшида ба таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 6 декабри соли 2024 Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили асосии муқовимат ба коррупсия» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, намояндагони Раёсати адлияи вилояти Суғд, факултаи 4-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, садорати Донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ иштироккунандагон дар мавзӯҳои гуногуни атрофи муқовимат ба коррупсия баромад карда, намояндаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо маърӯза дар мавзӯи «Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ ва роҳҳои мубориза бо он» суханронӣ намудан.

 

Қайд гардид, ки ангезаи асосии содир намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ҳарисии оддии инсон мебошад. Маҳз эҳсоси ҳирс инсонро барои содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ водор намуда, барои мадди назар кардани принсипҳои ахлоқӣ (поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, беғаразӣ, боинсофӣ, адолат ва ғ.) мусоидат менамояд.

 

Ҳадаф аз гузаронидани конференсияи мазкур сазовор ҷашн гирифтани иди “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

Чоп намудан

Footer