Таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар воҳидҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ
6 декабри соли 2024 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва инчунин, 9 декабри соли 2024 аз тарафи раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон ва шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» чорабиниҳои дахлдор баргузор карда шуд.Мақсади асосии гузаронидани чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Дар Конфронс ва вохӯриҳои баргузоргардида маърӯзачиён оид ба таърихи пайдоши коррупсия, қабули Конвенсияи СММ зидди коррупсия, муҳиммияти муқовимати дастаҷамъона бо ин падидаи номатлуб ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии сокинони кишвар ибрози андеша намуданд.
Зикр бояд намуд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия пурра ташкил гардида, ба мо зарур аст, ки ҷиҳати амалисозии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар ин самт саҳми худро гузорем.
Чорабиниҳо вобаста ба таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар воҳидҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ дар сатҳи баланд баргузор гашта, умед аст, ки натиҷаҳои онҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа таъсири худро мерасонад.



Маркази матбуоти Агентӣ.



