Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 марти соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон ба ифтихори таҷлили «Иди байналмилалии Наврӯз» ҷаласаи идона бо шаҳомати хоса баргузор гардид.
Ҷаласаро директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ, қудуми файзбору шукӯҳи баҳорӣ, пайғому пайки бедорӣ, яъне - «Наврӯзи байналмилалӣ», ки барои сокинони сарзамини биҳиштосоямон, дар баробари Истиқлоли давлатӣ ҷашни муқаддас ва пурифтихори миллӣ дониста мешавад, бо самимияти афзун табрику таҳният гуфта, зимнан ба онҳо саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, бурдборӣ ва комёбиҳои беназирро таманно намуданд.
Қайд гардид, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ махсусан дар Тоҷикистони азизи мо, ки «Ватани Наврӯз» маҳсуб меёбад, ҳамасола бо тамоми рукнҳои наврӯзӣ чун рамзи ифодагари ҳувият, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, покизагӣ, эҳёи табиат ва дигар хусусиятҳои табиию фарҳангии худ, бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Дар идома, бо мақсади риояи рукну суннатҳои ниёгон дар саҳни ҳавлии бинои мақомот аз тарафи кормандон дастархони идонаи Наврӯзӣ бо риояи тамоми унсурҳои миллӣ ороста шуд, ки он аз тарафи роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозбинӣ гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ



