БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШҲО БАХШИДА БА «РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ»

9 декабри соли 2024 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» ҳамоишҳо доир гардиданд.

 

Чорабиниҳои мазкурро роҳбарияти ниҳодҳои болозикр ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар замони муосир бо рушди иқтисоди бозаргонӣ ва муносибатҳои тиҷоратии байналмилалӣ коррупсия хусусияти умумиҷаҳониро касб намуда, бо низоми боз ҳам мураккаб ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки бо мақсади якҷоя намудани кушишҳо дар самти мубориза бо коррупсия як санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалиро қабул намуда, муносибатҳои байни давлатҳоро дар доираи он ба роҳ монанд. Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 дар 51-ум ҷаласаи пленарии сессияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, бо қатъномаи 58/4 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуд.

 

Зимнан 9-11 декабри соли 2003 дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Меридаи Мексика ин санади байналмилалии зиддикоррупсионӣ аз ҷониби зиёда аз 100 давлати дунё пазируфта шуд. Аз ин хотир 9 декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия” эълон гардида, аз соли 2004 инҷониб ҳамасола аз ҷониби давлатҳои дунё таҷлил карда мешавад.

 

Дар фарҷом иштирокчиёни чорабиниҳо дар доираи маърӯзаҳои ироашуда мубодилаи афкор намуда, паҳлуҳои гуногуни падидаи номатлуби коррупсияро зери музокира қарор доданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан

Footer