Баргузории семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия - кори дастаҷамъист»

Бо мақсади дар сатҳи муносиб таҷлил намудани «Рӯзи байналмилалии мубориза бар коррупсия» 2 октябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия - кори дастаҷамъист» доир гардид.
 
Дар чорабинӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, соҳибкорон, раисони кумитаҳои маҳалл, имомхатибони масҷидҳо, роҳбар ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандогони Ватан», волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, фаъолон, гирандагони стипендияи Президентӣ ширкат варзида, оид ба масъалаҳои мухталиф маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
 
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки имрӯз аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя ба волоияти қонун намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар мадди аввал гузошта, нагузорем, ки амалҳои номатлуб аз ҷумла коррупсия, ба кишвари азизамон таъсири манфии худро расонад.
Возможно, это изображение 1 человек, помост и текст
Дар доираи чорабинии баргузоргардида, иштирокчиён атрофи масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, вобаста ба он ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Footer