Ошкори ҳолати қаллобии мутахассис - мушовири Суди вилояти Суғд
Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Абдухолиқзода А.А. аз 7 ноябри соли 2017 то майи соли 2024 дар вазифаи мутахассис - мушовири Суди вилояти Суғд кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зерин ба ҷинояти қаллобӣ даст зад.
Чунончӣ, моҳи апрели соли 2024 Абдухолиқзода А.А. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Б.А.Қ. даромада, дидаву дониста аз он, ки ваколати бекор кардани қарорҳои раиси шаҳри Истаравшан ва ба ҳолати аввала бар гардонидани қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонии шаҳрванд Б.А.Қ.-ро надорад, аз номбурда худи ҳамон вақт дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд маблағи 20000 сомонӣ талаб карда гирифт.
Абдухолиқзода А.А. баъди гирифтани маблағи 20000 сомонӣ ба манфиати шаҳрванд Б.А.Қ. ягон амалро иҷро накарда, маблағи зикршударо тасарруф намуд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд Б.А.Қ. зарари ҷиддии моддӣ расонид.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдухолиқзода А.А. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ



