Ошкори ҳолати қаллобии кормандони милитсия

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷўи муайян карда шуд, ки Абдуллозода У.Н. дар вазифаи ваколатдори калони оперативии Шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷўии Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматӣ дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти қаллобӣ зад.

 

Чунончи, Абдуллозода У.Н. дидаву дониста аз он ки шаҳрванд Ш.Ҳ. барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳабси маъмурӣ қарор дорад ва нисбати номбурда ягон гуна маводи санҷишӣ вобаста ба ҳолати даст доштани охирон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷой надорад, бо як қатор кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан як намуда, бо роҳи фиреб ба боварии бародари шаҳрванд Ш.Ҳ. - Ш.Ш. даромада, аз номбурда бо баҳонаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз ҳабси маъмурӣ озод намудани додараш Ш.Ҳ. ғайриқонунӣ маблағи 200.000 сомонӣ талаб карданд.

 

Дар навбати худ, шаҳрванд Ш.Ш. бехабар аз қасди ҷиноятии Абдуллозода У.Н. ва шарикони ў ба гуфтаҳои номбурдагон боварӣ намуда, давоми моҳи январи соли 2025 дар якчанд ҳолат тариқи миёнаравҳо ба Абдуллозода У.Н. ҷамъ маблағи 190.000 сомониро дод, ки дар натиҷа охирон баъди гирифтани маблағи зикршуда онро тасарруф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд Ш.Ш. зарари махсусан калони моддӣ расонид.

      

Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдуллозода У.Н. ва дигарон бо аломатҳои дар моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer