Ошкори ҳолати тасарруфи маблағҳои фонди кӯмаки хориҷӣ
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Нозимов И.Н. нишон дод, ки моҳи июни соли 2023 байни КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҳамчун «Корфармо» ва ҶДММ «Назри И» ҳамчун «Пудратчӣ» дар шахсияти директори ҳамин ҷамъият Нозимов И.Н. қарордоди тендерӣ ба маблағи 1.630.6657 евро ҷиҳати сохтмони иншооти «Барқарорсозии обанборҳои Ҷангалак ва Тебалай» дар доираи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Кӯлоб» ба имзо расонида шуд.Дар навбати худ, Нозимов И.Н. ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоб рафта, бо мақсади тасарруфи маблағҳои фонди кӯмаки хориҷӣ бо истифода аз ваколати мансабиаш зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи мазкур арзиши молу маҳсулотҳо ва корҳои иҷрошударо нисбат ба арзиш ва нархи воқеии он барзиёд нишон дода, бо ин роҳ маблағи 165927,85 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуд.
Сипас, номбурда баҳри рӯйпӯш намудани кирдори ҷиноятии худ ҳуҷҷатҳои муҳосиботиро вобаста ба иҷрои корҳои сохтмонӣ бо роҳи сохтакорӣ омода карда, дар он маълумотҳои таҳрифшуда вобаста ба арзиш ва ҳаҷми корро ворид намуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Нозимов И.Н бо моддаҳои 257 қисми 3 банди «в» ва 340 қисми 2 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ



