Э Ъ Л О Н
Ҳамватанони азиз!
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдори соҳаи нақлиётии кишвар (Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои зертобеи он, аз ҷумла МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», МД «Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаҳои равшандиҳӣ», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт», КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои мусофиркашонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (троллейбусу автобусҳо, микроавтобусҳо, таксиҳо) чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотиро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони ин самт ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда доир намояд.
Аз ин лиҳоз, даъват ба амал оварда мешавад, ки таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳо ва пешгирии содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ дар ин самт тариқи почтаи электронӣ «Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript.», шабакаҳои иҷтимоии «Viber» ва «WhatsApp» «(+992) 880-00-63-77» ё маркази ягонаи тамос «15-00» унвонии Агентӣ ирсол намоед.
Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи банди 1 моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» шахсе, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ хабар додааст ё бо тарзи дигар дар муқовимат ба коррупсия мусоидат намудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
Агентии назорати давлатии молиявӣ
ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон



