Эълон
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Моҳвораи ҷавонон» аз 15 то 20 майи соли 2025 дар «Боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор намояд.Дар чорабинӣ гузаронидани ярмаркаи китобҳо, виктаринаҳои зиддикоррупсионӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар онҳо фаъолона ширкат варзанд.
Маркази матбуоти Агентӣ



