Э Ъ Л О Н

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар соли 2025 дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои миллии илмҳо ва илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, иттифоқҳои адвокатҳо ва Тоҷикматлубот, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

 

Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31 Методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳои коррупсионӣ, зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи ташкилотҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад.

 

Аз ин рӯ, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфу амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои болозикр, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, дастрасии иттилооту ва фаъол будани сомонаи расмӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи электронии «Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript.» ирсол намоянд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer