ЭЪЛОН
Ба диққати донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ расонида мешавад, ки бо ташаббуси Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар байни донишҷӯёни кишварҳои аъзои Шӯро «Олимпиадаи V байналмилалӣ оиди бехатарии молиявӣ» баргузор мегардад.
Даври аввали Олимпиада аз 31 март то 4 апрели соли ҷорӣ дар платформаи «Содружество» дар формати маҷозӣ (онлайн) баргузор гардида, дар он донишҷӯён (бакалавр – то курси 3, олӣ – то курси 4 ва магистратура – 1 курс) иштирок карда метавонанд.
Бақайдгирии иштирокчиён аз 1 то 30 марти соли 2025 тариқи онлайн сурат мегирад. Маълумоти бештарро метавонед аз суроғаи https://rosfinolymp.ru ва портали махсуси созмондодаи https://sodrujestvo.org/ru гирифта, то санаи муқарраргардида аз бақайдгирӣ гузаред.
Маркази матбуоти Агентӣ



