Эълони озмуни зиддикоррупсионии «ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНИРО МАҲКУМ МЕСОЗЕМ!»
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади азхудкунии дониш, маҳорат ва масъулият оид ба огоҳ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир бо ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқӣ, инчунин дар доираи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ҳамазмон иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълони баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 озмуни шаҳрии “Расми беҳтарин”, “Беҳтарин иншо” ва “Мақолаи беҳтарин” – ро таҳти унвони «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» эълон менамояд!Озмун аз ду давр иборат буда, аз 15 октябр то 15 ноябри соли 2024 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад: – даври якум – аз 15 то 31 октябр дар ноҳияҳо;
– даври дуюм (ниҳоӣ) – аз 1 то 15 ноябр дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе».
Иштирокчиёни он ба гурўҳҳои аз 7 сола то 18 сола тақсим гардида, баҳогузорӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибон тибқи ин раддабандӣ дар алоҳидагӣ сурат мегирад ва дар ҳар як номинатсия 6 ғолиб: ҷойҳои якум – 1 нафар, ҷойҳои дуюм - 2 нафар ва ҷойҳои сеюм - 3 нафар муайян карда мешавад.
Озмуни «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» дар асоси дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, ғолибони он бо мукофотпулиҳо, аз ҷумла барои ҷойҳои якум 2000 (ду ҳазор) сомонӣ, барои ҷойҳои дуюм 1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 1000 (ҳазор) сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун нимаи авввали моҳи ноябр бахшида ба «32 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир карда мешавад.
Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 2218571; (+992 50) 107 08 20; (+992 88) 000 63 80.
Биёед, ҷамъиятро аз фасод тоза месозем!
Маркази матбуоти Агентӣ.



