Ташкил намудани мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ барои ҷавонон

Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди коррупсия ва шаффофият тасмим гирифтааст санаҳои 12 то 16 августи соли 2024 дар маҷмааи истироҳатии «Ёс»-и ноҳияи Ваҳдат мактаби тобистонаи зиддикоррупсиниро барои ҷавонон ташкил намояд.
 
Ҳадаф аз ташкили чорабинии мазкур ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба масоили муқовимат ба коррупсия ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин дар самти мубориза бо коррупсия арзёбӣ мегардад.
 
Дар чорабинӣ мутахассисон аз Агентӣ, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва экспертони сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, вобаста ба масъалаи коррупсия лексияҳо ва машѓулиятҳои интерактивӣ барпо менамоянд.
 
Иштирок дар чорабинӣ имконият медиҳад, ки ҷавонон аз таҷрибаҳои муосири муқовимат ба коррупсия дар дохили кишвар ва ҳам хориҷи он маълумотҳои зарурӣ ба даст оварда, барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи худ дар ин самт заминаи мусоид фароҳам оваранд.
 
Иштирок дар чорабинӣ ройгон буда, рафту омад, будубош ва хўроки иштирокчиён аз ҷониби ташкилкунанда пурра пардохт карда мешавад.
 
Маълумоти бештар барои иштирок дар чорабинӣ ва ирсоли дархостҳоро метавонед аз суроғаи forms.gle гиред.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

ЭЪЛОН!

Ба диққати ҷомеаи шаҳрвандӣ расонида мешавад, ки дар доираи Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил бо ташаббуси Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дар байни ҷавонони давлатҳои аъзои Шуро озмуни байналмилалии беҳтарин рекламаи иҷтимоӣ таҳти унвони “Вместе против коррупции!” баргузор мегардад.

 

Шартҳои озмун дар портали махсуси созмондодаи www.anticorruption.life дарҷ гардида, иштирокчиён метавонанд баннер ва видеороликҳои омоданамудаи худро вобаста ба мавзӯъ то 15 сентябри соли 2023 ба суроғаи Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript. ирсол намоянд.

 

Дар озмун тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 14 то 35 сола метавонанд иштирок намоянд.

 

Ҷамъбасти озмун ва эълони натиҷаҳои он 9 декабри соли 2023 дар “Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия” пешбинӣ гардида,  ғолибон бо медалҳои рамзӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар мукофотҳои омоданамудаи ташкилкунандагон қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Телефонҳо барои тамос 2366410; Viber ва WhatsAPP 88-000-63-77

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Эълон

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар соли 2023 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

 

 Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31 Методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳои коррупсионӣ, зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи ташкилотҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад.

 

 Аз ин рӯ, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои болозикр, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи  «Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript.» ирсол намоянд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Э Ъ Л О Н

 

  Ба диққати намояндагони воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, 02 феврали соли 2022, соати 09:00 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Сино, бинои 126/1 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

 

   Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

  • 1
  • 2
Footer