БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ХАТАРИ КОРРУПСИЯ БА ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ” БАХШИДА БА 9 ДЕКАБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ
5 декабри соли 2024 бо ибтикори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Хатари коррупсия ба иқтисоди миллӣ” бахшида ба 9 декабр -Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия баргузор гардид.
Мақсади асосии семинар ин баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Чорабиниро масъулини донишгоҳ ва раёсат ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба аҳамияти таҷлили “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия”, оқибатҳои хисороти ин падидаи манфию хатарзо ба амнияти иқтисодии кишвар ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карданд.
Иштирокчиёни дигар низ дар мавзуъҳои “Шарҳу тавзеҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “ Моҳият ва таъиноти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маърӯза ироа намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дар маҷмӯъ иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоидро фароҳам оварда, ба паст гардидани сатҳ ва шиддати коррупсия мусоидат менамояд.
Дар фарҷом миёни иштирокдорон ва маърузачиён саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда мушаххасан посухҳои қонеъкунанда дода шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ



