.

10 март маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср оғоз гардид.
Ба хотири истиқболи сазовори меҳмони олимақом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Қасри Иттиҳодия бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта буд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.
Дар майдони назди Қасри Иттиҳодия горди фахрӣ саф ороста буд.
Дар маросими истиқболи расмӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд. Чорабинӣ баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Миср анҷом ёфт.
Чоп намудан
E-mail
.

9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид ба амал оварданд.
Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар шаҳраки Фустати шаҳри Қоҳира дар масоҳати 13 гектар ҷойгир буда, дорои панҷоҳ ҳазор нигораҳо мебошад. Осорхона дар баробари ба маърази тамошо гузоштани дастовардҳои Миср дар бахшҳои гуногуни зиндагӣ аз ибтидои таърих то замони муосир ва аз марҳилаҳои рушди тамаддуни Миср нақл мекунанд.
Корҳои таъсиси Осорхонаи миллии тамаддуни Миср бо иқдоми ЮНЕСКО дар доираи ташаббуси байналмилалӣ ҷиҳати таъсиси Осорхонаи миллии тамаддун ва Осорхонаи Нуба дар Асвон пас аз ковишҳои бостоншиносӣ соли 2000 оғоз ёфта, сохтмони бино соли 2021 ба итмом расид. Маросими ифтитоҳ бо чорабинии муҳташами байналмилалӣ “Паради Мумиҳо” баргузор гардид.
Маълумоти бештар
Чоп намудан
E-mail