Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар вохӯрии васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

 

Масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ба таври муфассал муҳокима гардиданд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди хуби муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Рушди босуръати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир таъкид гардид.

 

Аз ҷумла, масоили густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ шуд.

 

Ба масъалаҳои рушди робитаҳои гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

 

Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 71 муассисаи таълимӣ бо забони русӣ, аз ҷумла онҳое, ки соли 2022 аз ҷониби Сарони давлатҳо ифтитоҳ ёфта буданд, ҳамчунин 190 мактаби омехта фаъолият доранд. Дар ин зимн, ҳамкорӣ дар таъмини ин муассисаҳои таълимӣ бо китобу маводи таълимӣ ва адабиёт бо забони русӣ аз масъалаҳои матраҳ боқӣ мемонад.

 

Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон се филиали муассисаҳои бонуфузи олии таълимии Русия фаъолият дошта, зиёда аз 28 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия таълим мегиранд.

 

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи июни ҳамин сол дар Федератсияи Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор карда мешаванд. 

 

Таъкид гардид, ки ҳар ду кишвар барои мукаммалсозии ҳамкории байниминтақавӣ, аз ҷумла баргузории як қатор чорабиниҳои гуногунсатҳ дар ин самт, талош хоҳанд кард.

 

Ба ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар баҳои баланд дода шуда, ҷонибҳо барои идомаи босамари он дар оянда изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

 

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои амниятӣ аз масъалаҳои муҳими музокирот буд.

 

Ҳамкории судманд дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи сарони ду давлат қарор дошт.

Чоп намудан E-mail

Гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия

17 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар бар пояи оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз гардид.

 

Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар боғи Александр қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буд.

 

Коменданти ҳарбии Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониён ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

 

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони Федератсияи Русияро пос доштанд. Сипас, баъд аз садоҳои бонг ва дақиқаи хомӯшӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид.

 

Баъд аз анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ бо қадамзании мутантан аз назди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокдорони маросим қаровули фахрӣ гузашти низомӣ анҷом дод.

 

Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия ҳамроҳӣ намуданд. 

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари расмӣ ба Федератсияи Русия

16 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо ворид шуданашон ба шаҳри Москва оғоз ёфт.

 

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид.

 

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ пазироӣ карданд.

 

Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии гарнизони ҳарбии Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буд.

 

Баъди гузориши Фармондеҳи Ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр сурудҳои миллии ду давлат навохта шуд.

 

Маросими истиқболи расмӣ бо гузаштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди ротаи фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Федератсияи Русия ва гузашти тантанавии қаровули фахрӣ аз назди меҳмони олимақом ба поён расид.

 

Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки сарони ду давлат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бо имзои як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ, изҳороти матбуотӣ ва дигар чорабиниҳо 17 март дар қасри Кремл баргузор хоҳад шуд

Чоп намудан E-mail

Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Бегоҳии рӯзи 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии худро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расонданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии Бишкек Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гусел намуданд.

 

Сафари давлатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ду рӯз идома ёфт.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар шахсони воломақом гуфтушуниди муфассал анҷом доданд.

 

Аз рӯйи натиҷаи ҳамоиши Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи олӣ 16 санади навӣ ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ мебошад.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев

13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот намуданд.

 

Дар вохӯрӣ масоили мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо таваҷҷуҳ ба иҷрои тавофуқоти дар ҷараёни сафари давлатӣ ҳосилшуда дар соҳаи тиҷорату иқтисод баррасӣ гардид.

 

Доир ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетика ва сармоягузорӣ табодули муфассали афкор сурат гирифт. 

 

Таваҷҷуҳи махсус ба масоили таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои ояндадори саноат, ташкили намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар миёни минтақаҳо, бахусус маҳалҳои наздисарҳадӣ зоҳир карда шуд. Ба мавзӯи барқарорсозии хайтсайрҳои ҳавоии мусофиркашонӣ миёни шаҳрҳои ду кишвар диққати махсус дода шуд.

 

Рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои илм, маориф, сиёсати ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш аз масъалаҳои дигари суҳбат буд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Торагаи (Раиси) Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиев

13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо Торагаи (Раиси) Жогорку Кенеши (Парлумони) ин кишвар Нурланбек Шакиев мулоқот намуданд.

 

Сарвари давлати мо нақши мақомоти қонунгузорро дар рушди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ таъкид намуданд.

 

Таъкид гардид, ки дипломатияи парлумонӣ метавонад ба рушди минбаъдаи ҳамаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон такони иловагӣ бахшад.

 

Бо қаноатмандӣ ҳамкории созандаи ду кишвар дар доираи гуруҳҳои дӯстии парлумонӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавии парлумонӣ қайд карда шуд.

Чоп намудан E-mail

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

Ҳамагӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот””-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;

- Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030;

- Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027;

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд;

- Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ;

- Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард.

Чоп намудан E-mail

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки ҳайатҳои расмӣ доир шуд.

 

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди онҳо батафсил баррасӣ шуд.

 

Ба масъалаҳои афзун намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва истифодаи имконоти ҳарду кишвар дар ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

 

Дар рафти гуфтушунидҳо сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки Шурои байниҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазирон таъсис дода шавад. Ба ин ниҳоди нав дастур дода шуд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро то ба 500 миллион доллар расонад.

 

Густариши муносибатҳо дар бахши ояндадори саноат, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама CASA-1000, истифодаи захираҳои об, рушди робитаҳои нақлиёту коммуникатсия, истифодаи мутақобилан судманди имконоти транзитӣ ва нақлиётӣ аз масъалаҳои муҳими музокироти сатҳи олии ду кишвар буд.

 

Дар мулоқот ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳо, инчунин хатсайрҳои нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла байни ноҳияҳои наздисарҳадӣ чораҳои амалӣ андешанд.

 

Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш аз мавзуъҳои муҳими музокирот буд.

 

Ҳамчунин ба масъалаҳои муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла киберҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули афкор сурат гирифт.

Чоп намудан E-mail

Footer