Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуд.

Президенти кишвари мо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз суръати рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Шавкат Мирзиёев бори дигар аз таассуроташон аз чорабиниҳои чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд баргузоршуда, ёдовар гардида, ба ҷараён ва натиҷаҳои онҳо баҳои баланд доданд.

Аз имзои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва бори дигар аҳамияти он дар рушди ҳамкории байнидавлатӣ таъкид гардид.

Ба масоили густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, татбиқи имконоти содиротиву сармоягузорӣ ва вусъати робитаҳои байни минтақаҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта

3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта мулоқот намуданд.

 

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем”.

 

Антонио Коста аҳамияти ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистонро таъкид намуда, Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик гуфтанд.

 

Ҷонибҳо оид ба аҳамияти Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки мувофиқасозиаш ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст, табодули афкор намуданд.

 

Истифодаи захираҳои азими табиӣ, гидроэнергетикӣ, ашёи хоми муҳим, зарфиятҳои кишоварзӣ, иқтидори саноатӣ ва транзитии Тоҷикистон барои рушди тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо судбахш арзёбӣ гардид.

 

Ҳамкории ду ҷониб дар раванди ислоҳот, рушди соҳаи энергетика, таҷдид ва сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ намунаи шарикии босубот номида шуд.

 

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармоя ва технологияҳои аврупоӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳи обии Роғун ва таҷдиди неругоҳи Норак манфиатдор аст.

 

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи пешбурди сиёсати “иқтисоди сабз” бо Иттиҳоди Аврупо ҳамназар аст. Дар ин зимн Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон ва масъалаи тавлид ва содироти “энергияи сабз” муҳокима гардид.

 

Оид ба рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, тавсеаи барномаҳои бурсиявӣ ва дастгирии минбаъдаи таҳсилоти касбӣ табодули афкор сурат гирифт.

 

Зарурати идомаи ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид. 

 

Ҳамчунин оид ба афзоиши офатҳои муҳитизистӣ ва пайомадҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов

3 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Миннихановро ба ҳузур пазируфтанд.

 

Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Тотористон баррасӣ гардид.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзалиятҳои ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳои Тоҷикистону Русия ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки робитаҳо бо Ҷумҳурии Тотористон ба марҳилаи фаъол ворид мегардад.

 

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, мошинсозӣ, логистикаву нақлиёт, сохтмон ва кишоварзӣ аз самтҳои ояндадори муносибатҳо номида шуд.

 

Имконияти ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди ашёи хом то ба маҳсулоти тайёр, аз ҷумла ришта аз абрешим ва пашм, навъҳои гуногуни матоъ, либоси махсуси корӣ ва мебел муҳокима шуд.

 

Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб ба таҳкими ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ манфиатдоранд.

 

Дурнамои ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли якҷояи маҳсулоти тиббӣ низ таъкид гардид.

 

Густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ ҳам аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.

 

Афзун намудани шумораи квотаҳои таҳсилотӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур дониста шуд.

 

Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.

Чоп намудан E-mail

Сафари корӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон

3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

 

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Чоп намудан E-mail

Анҷоми сафари расмӣ дар Федератсияи Русия

17 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия анҷом ёфт.

 

Маросими гусели меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия гарму самимӣ гусел карданд.

 

Майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии гарнизони ҳарбии Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

 

Баъди гузориши Фармондеҳи Ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр дар ҳамин ҷо сурудҳои миллии ду давлат навохта шуд.

 

Маросими гусел бо гузаштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди ротаи фахрӣ ва эҳтиром ба парчами давлатии Русия ба поён расид.

Чоп намудан E-mail

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Президенти Федератсияи Русия дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Русия

Ташаккур, муҳтарам Владимир Владимирович!

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ  ба Федератсияи Русия миннатдории самимӣ изҳор намоям.

Тавре аллакай муҳтарам Владимир Владимирович таъкид карданд, зимни музокирот мо масъалаҳои калидии  муносибатҳои ҳар ду давлат, инчунин мушкилоти муҳими минтақавию байналмилалиро муфассал баррасӣ намудем.

Мо аз ҷараёни хуби муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир, ки афзоиши тадриҷии гардиши мол мушоҳида мегардад, изҳори  қаноатмандӣ менамоем.

Соли гузашта ҳаҷми гардиши молу маҳсулот 15,6 фоиз афзуда, 2 миллиард долларро ташкил дод.

Мо барои таҳияи  Нақшаи чорабиниҳои байниҳукуматӣ то соли 2030 ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми савдои мутақобила ба мувофиқа расидем.

Ҷониби мо аз фаъолияти ширкатҳо бо сармояи Русияро дар Тоҷикистон, ки имрӯз ҳудуди 400 ададро  ташкил медиҳанд, истиқбол  менамояд.

Мо ба мувофиқа расидем, ки кори муштаракро дар соҳаи кооператсияи саноатӣ фаъол гардонем.

Ҷараёни мусбати ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ таъкид карда шуд.

Мо комплекси агросаноатиро ҳамчун самти дурнамодори ҳамкорӣ таъкид намудем.

Дар ин ҷода мо ба ҷониби Русия пешниҳод намудем, ки иқдомотро дар самти таъсис додани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, бахусус корхонаҳои коркарди сабзавоту меваҷот, ашёи хоми пахта, пӯст ва пашмро фаъол гардонад.

Омодагии ҷониби Тоҷикистон барои густариши содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозорҳои Русия таъкид карда шуд.

Имрӯз мо ба мувофиқа расидем, ки дар якҷоягӣ бо ширкати «Росатом» марҳилаи дуюми лоиҳаи безараргардонии партовгоҳҳои уранро дар шимоли Тоҷикистонро татбиқ намоем.

Мо гузаронидани экспедитсияҳоро аз ҷониби мутахассисони ҳар ду давлат барои омӯзиши вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ мешуморем.

Имрӯз дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим тамоюли нигаронкунандаи обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи ташаккулёбии  то 60 фоиз  захираҳои  обии Осиёи Марказӣ мебошанд, мушоҳида мешавад.

Зимни музокирот мо ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намудем.

Дар музокирот мо бо муҳтарам Владимир Владимирович ба сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ баҳои баланд додем.

Тавассути видеоконфронс ба сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский ва Маркази байналмилалии омузишӣ барои кӯдакони болаёқат дар  пойтахти Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.

Мо ба мувофиқа расидем, ки моҳи июни соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор карда шавад.

Имрӯз мо ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро муфассал баррасӣ намудем.

Кори байниидоравӣ дар ин соҳа фаъол гардонида мешавад.

Кӯшишҳо барои  таъмини муҳтавои пурмазмуни  ҳамкории байниминтақавӣ равона карда мешаванд.

Дар айни ҳол 80 минтақаи Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ доранд.

Зимни музокирот ба ҳамкории байнипарлумонӣ низ баҳои баланд дода шуд.

Имрӯз мо ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амниятро муфассал баррасӣ намудем.

Байни хадамотҳои махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои мо ҳамкории зич ва пурсамар ба роҳ монда шудааст ва ин ҳамкорӣ солҳои охир натиҷаҳои мушаххас медиҳад.

Ҳамёрии   ҷонибҳо дар ин самт доираи васеи масъалаҳои муқовимат бо хатару таҳдидҳои амниятро фаро  мегирад.

Ин, бахусус, терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Мо ба ҳамкорӣ дар заминаҳои бисёрҷанба, пеш аз ҳама, дар СММ, ИДМ, СҲШ ва СААД баҳои баланд додем.

Мо аз ҷониби Русия барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба об ва иқлим миннатдор ҳастем.

Мехоҳам таъкид намоям, ки мо аз натиҷаҳои музокирот қаноатманд мебошем.

Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи пурраи зарфиятҳои бузурги муносибатҳои ҳампаймонӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русия кӯшиш хоҳад кард.

Дар хотима мехоҳам бори дигар ба муҳтарам Владимир Владимирович Путин ва ба ҳамаи дӯстони рус барои меҳмоннавозии самимӣ миннатдорӣ  изҳор намоям.

Мо аз истиқболи Шумо дар шаҳри Душанбе, муҳтарам Владимир Владимирович  барои ташриф ба Тоҷикистон   дар вақти бароятон муносиб шод хоҳем буд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Чоп намудан E-mail

Оғози сохтмони ду иншоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ

17 март дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсия Русия дар толори Қасри Кремл маросими маҷозии оғози сохтмони ду иншооти муҳими иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар маросими оғози бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии  таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз маҳалли сохтмони иншоот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами

Эмомалӣ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросим гузориш доданд.

 

Бо розигии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин барои бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии  таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе санги асос аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони масъули ду ҷониб гузошта шуд.

 

Сарони ду давлат ва дигар ҳозирин маросими гузоштани санги асоси ин ду иншооти муҳими соҳаҳои фарҳанг ва маорифро дар мониторҳои калон дар Қасри Кремл мушоҳида намуданд.

 

Қобили зикр аст, ки оғози сохтмони ин ду иншоот боз як нишонаи тавсеаи бомароми робитаҳои гуманитариву фарҳангии Тоҷикистону Русия мебошад.

Чоп намудан E-mail

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

 

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар барқарорсозии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи истихроҷи уран ва коркарди маъданҳои куҳӣ зарар дидаанд;

 

- Созишнома миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

 

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсиси Парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

- Барномаи шарикии стратегӣ миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия дар соҳаи ҳарбӣ барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амалии он барои солҳои 2026-2028;

 

- Ёддошти тафоҳум миёни Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Русия, Вазорати молияи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ;

 

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;

 

- Созишнома миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Кирови Федератсияи Русия оид ба татбиқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ.

 

Баъди имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, оид ба натиҷаи музокироти сатҳи олӣ бо изҳорот суханронӣ намуданд.

Чоп намудан E-mail

Footer