Ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба муқовимат ба коррупсия

 26 октябри соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба муқовимат ба коррупсия тариқи маҷозӣ баргузор гардид.

 

 Дар ҷаласаи мазкур прокуророни генералии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, директори Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия ва инчунин директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ширкат варзида, доир ба таъсири манфии коррупсия ба амнияти миллӣ, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ибрози андеша намуданд.

 

 Зимни баромади худ директори Агентӣ Султонзода С.С. қайд намуданд, ки муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, бо ин мақсад тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ фароҳам оварда шудаанд.

 

 Қайд гардид, ки Агентӣ нақши Шӯрои мазкурро дар пешгирӣ намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ муҳим арзёбӣ намуда, баҳри тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар ин самт омодагии худро иброз медорад. 

 

 Маркази матбуоти Агентӣ. 

Чоп намудан E-mail

Footer