Курси такмили ихтисос барои масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

 18 октябри соли 2022 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентӣ курси такмили ихтисос барои масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯйи барномаи “Сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

 

 Зимни баргузории чорабинӣ мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва “Низомномаи намунавии Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд.

 

 Дар охир иштирокчиён доир ба мавзӯъҳо ибрози андеша намуда, ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

 Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо донишу таҷрибаи масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро баланд бардошта, барои дарёфти роҳҳои нави муқовимат ба коррупсия заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Footer