Баргузории семинарҳои омӯзишӣ таҳти унвони “Баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионии ҷавонон” дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

 31 октбяри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва 1 ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки донишҷӯён семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионии ҷавонон” доир гардид.

 

 Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон буда, дар он кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба падидаи коррупсия, роҳҳои пешгирӣ, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мавҷуда барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба чунин кирдорҳо дастзананда баромад намуданд.

 

 Дар навбати худ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавонон дар масоили муқовимат ба коррупсия бетарафӣ зоҳир накарда, ҷиҳати пешгирии содиршавии кирдорҳои  корруспионӣ ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда саҳмгузор бошанд.


 

 Дар фарҷом донишҷӯён вобаста ба дарки мазмуну моҳияти коррупсия ва аз байни бурдани ин падидаи номатлуб изҳори андеша намуда, ба саволҳои дода худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

 Дар маҷмӯъ, чорабиниҳо дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ сурат гирифта, изҳори боварӣ карда шуд, ки он ба афкори умум, махсусан ҷавонон таъсири мусбии худро мерасонад.

 

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer