Баргузории конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

4 декабри соли 2024 бо ташаббуси шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи: “Ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ-омили муҳими муқовимат ба коррупсия” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Данғара, Бегмуродзода Даврон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, д.и.т., профессор Қурбон Убайдулло Қурбон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, ходимони дин, донишҷӯён ва ҷомеаи шаҳрвандии ноҳия, дар маҷмуъ бо иштироки 1100 нафар баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, дар идомаи он иштирокчиён оид ба коррупсия ва хатари он ба ҷомеа, муҳиммияти муқовимати дастаҷамъона бо ин падида ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии шаҳрвандон ибрози андеша намуданд.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки коррупсия як падидаи номатлуб ба шумор рафта, ба рушду нумўи ҳамаҷонибаи ҷомеа, чӣ аз нигоҳи иқтисодӣ ва чӣ аз лиҳози ахлоқию фарҳангӣ таъсири манфӣ мерасонад.
 
Дар умум чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гашта, умед аст, ки натиҷаҳои он таъсири худро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мерасонад.
​Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Footer