Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 сентябри соли 2024 дар раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати шахсӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.
 
Қайд карда шуд, ки 9-уми сентябр дар таърихи давлатдории навини тоҷикон хамчун Рӯзи Истиқлоли давлатӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, имсол тамоми сокинони кишвар 33 - юмин солгарди ин санаи муборакро ҷашн мегиранд.
 
Дар чорабинӣ бахшида ба ин рӯзи фархунда кормандони раёсат дар мавзӯъҳои “Истиқлолияти давлатӣ - муаррифгари миллати тоҷик” ва “Дастовардҳои миллати тоҷик дар давраи Истиқлолият” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
 
Ҳамзамон, бо мақсади бедор кардани ҳувияти миллӣ ва арҷ гузоштан ба хизматҳои Пешвои муаззами миллат дар пойдории сулҳу ваҳдат, инчунин шукргузорӣ аз неъматҳои Истиқлоли давлатӣ видеонавори мавзуӣ ба намоиш гузошта шуд.
 
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои идона сурат гирифта, дар фарҷоми он аз ҷониби роҳбарияти раёсат изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандони мақомот ҳамчун сокинони бошарафи ин сарзамини муқаддас бо Ватани соҳибистиқлоли худ ифтихор намуда, бо фаъолияти намунавори хизматӣ дар рушду инкишофи кишвари маҳбубамон саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Footer