01 апрели 2025 .
Олиҷанобон,
Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Жапаров Садир Нургожоевич,
Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзиёев Шавкат Миромонович!
Меҳмонони олиқадр, ҳозирини гиромӣ!
Бо камоли хушҳолӣ шуморо дар сарзамини Тоҷикистон дар ин рӯзҳои ҷашнӣ хайрамақдам мегӯям.
Ҳамчунин, Шумо ва мардумони ба мо бародару ҳамҷавори Қирғизистону Ӯзбекистон, намояндагони дигар кишварҳои ба мо дӯсту шарикони байналмилалиро, ки имрӯз ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф овардаанд, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Бо истифода аз ин фурсат, ба тамоми сокинони кишвари азизам беҳтарин орзуҳои худро ба муносибати ин ҷашни хуҷастапай бори дигар иброз менамоям.
Наврӯз ба якояки Шумо муборак бод!
Басо рамзист, ки вохӯрии мо дар айёми ҷашни Наврӯзи пуршукӯҳ - намоди бедоршавии табиат, марҳилаи нави гардиши зиндагӣ ва боварӣ ба ояндаи беҳтар сурат мегирад.
Ғояву анъанаҳои тағйирнопазири Наврӯз ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозанд.
Боиси фарҳамандист, ки мардумони мо ҳамеша барои ҳифзу ғанӣ гардонидани анъанаҳои неки он - бародарӣ, ризоият, ҳамдилӣ саъю талош карда, онҳоро то ба рӯзҳои мо расонидаанд.
Ин ҷашн дар тӯли асрҳои зиёд барои таҳкими ғояҳои олии башардӯстӣ, фазои эҳтироми муштарак ва созгорӣ хизмат менамояд.
Кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои мустаҳками дӯстии танготанг, накӯҳамсоягӣ ва рушди муштарак ба ҳам мепайванданд.
Комилан возеҳ аст, ки имрӯз ҳам талошҳои муштараки мо ба он равона шудаанд, ки ин таҷрибаи созандаи таърихиро пурра ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда истифода барем.
Рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории зичи мурдумону давлатҳои мо дар ҳамаи соҳаҳои манфиатҳои муштарак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Маҳз барои ҳамин ҳам натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем.
Имрӯз мо санади таърихӣ - Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишварро ба имзо расонидем.
Ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем.
Бовар дорам, ки аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт.
Он ҳам боиси итминон аст, ки мувофиқаҳои имрӯз ҳосилшуда, бешубҳа, омили муҳимми рушду таъмиқи минбаъдаи муносиботи байнидавлатӣ ва ҳамкории мо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳои манфиатҳои муштарак хоҳанд шуд.
Ин ниёзмандиҳои табиии мардумони се кишвар аст ва мо вазифадорем, ки минбаъд низ дар ин самт саъю талоши муштарак ба харҷ диҳем.
Рушди пайвастаи муносибатҳои кишварҳоямон ба манфиатҳои аслии мардумони мо ҷавобгӯ буда, ба таҳкими сулҳу субот ва шукуфоии тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.
Бовар дорам, ки мо дар якҷоягӣ, бо дастгирии доимии мардумонамон, дар ин ҷода ба дастовардҳои бузург ноил хоҳем гашт.
Бори дигар Шуморо, мӯҳтарам Содир Нургожоевич ва Шавкат Миромонович, инчунин, ҳамаи меҳмонони азизамонро дар Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям.
Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, хушбахтиву беҳрӯзӣ ва ба кишварҳоямон сулҳу амонӣ, рушд ва пешрафт минбаъда орзу менамоям.
Дӯстӣ ва бародарии мардумонамон ҷовидону бегазанд бод!
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!
Чоп намудан
E-mail
01 апрели 2025 .
31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони олиқадри тантанаҳои наврӯзӣ муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба маҷмааи қалъаи Хуҷанд ташриф оварда, бо иншооти муҳташами фарҳангӣ ва намоиши маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, қирғиз ва узбек шинос шуданд.
Дар даромадгоҳи қалъа меҳмононро гурӯҳи кӯдакон бо намоиши бозиҳои гуногуни варзишӣ, ки хоси ҷашни Наврӯз мебошад, истиқбол гирифтанд.
Баробари расидани сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба қалъа гурӯҳи карнайнавозон ва дойразанон аз болои растаҳои ҳунармандӣ меҳмононро пешвоз гирифта, фазои дилкушои наврӯзӣ фароҳам намуданд.
Даромадгоҳи Қалъаи Хуҷанд ва ҳам саҳни он бо парчамҳои давлатии се кишвар, аксҳои роҳбарони давлатҳо, шиору овезаҳои тараннумгари дӯстии мардумон ва дигар ороишоти хоси наврӯзӣ зебу зиннат ёфта буд.
Дар назди дарвозаи қалъа бо либосҳои миллӣ ҷавондухтарон бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва ӯзбекӣ меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.
Дар тарафи рости даромадгоҳи наврӯзгоҳ деги калони суманак қарор дошт. Сарони давлатҳо бо кофтани суманак ба ин оини наврӯзӣ арҷгузорӣ намуданд.
Дар саҳни ҳавлии базмгоҳ ҳунармандони се кишвар, ҷавонону кӯдакони хуштолеъ бо либосҳои зебои миллии ҳар се давлат меҳмонони олимақомро самимона истиқбол гирифтанд.
Дар айвонҳои зебову мунаққаши қалъа аҳли санъати се кишвар, мутрибон, аз ҷумла ҷавондухтарони дуторнавоз ва шашмақомсаро бо навозиши фораму дилнишин табъи меҳмононро болида сохтанд.
Саҳни назди даромадгоҳи Осорхонаи таърихии қалъа низ идона оро ёфта буд. Дар даромадгоҳи осорхона роҳбалад меҳмононро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба онҳо нигораҳои нодир ва нақшу нигорро муаррифӣ намуд.
Шиору овезаҳо ва суханҳои ҳикматомези бузургони илму адаби тоҷик ва қирғизу узбек, ки дар он ҷо ба назар мерасид, тараннумгари дӯстию бародарии мардумони се кишвари ҳамсоя аст.
Меҳмонон дар ин ҷо аз чор толори осорхона дидан карда, бо таъриху тамаддуни ғанӣ ва қадимаи мардуми тоҷик ошноӣ пайдо намуданд. Дар яке аз толорҳо тавассути монитор ва пахши навор оид ба таърихи Қалъаи Хуҷанд маълумот дода шуд.
Бояд гуфт, ки асоси ороишоти толорҳои осорхонаро санъати миллии меъмории тоҷик, ба монанди кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, коркарди бадеии чӯб, санг, гачкорӣ ва кошинкорӣ ташкил медиҳад, ки бо маҳорати баланд таҳия шудааст.
Баъди шиносоӣ бо нақшу нигори толорҳои осорхона сарони давлатҳо дар саҳни ҳавлӣ аз намоиши хӯрокҳои миллӣ ва шириниҳо боздид намуданд. Дар ин намоиш ҳафт сину ҳафт шин ва ҳафт мим, намудҳои гуногуни шириниву хӯришҳо ба маъраз гузошта шуд.
Дар даромадгоҳи маҳаллаи ҳунармандон кӯдакон барои пазироии меҳмонони олимақом сурудҳои сияҳгӯшу бойчечак замзама карданд.
Дар ҳар як ҳавлии маҳаллаи қадимаи қалъа намоиши ҳунарҳои миллӣ ва фолклории сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба назар мерасид.
Меҳмонон аз маҳаллаи ҳунармандон, бахусус, хонаи наққошон ва қолинбофон дидан намуда, бо анъанаҳои ниёгони мардуми тоҷик шинос шуданд. Дар рафти боздид ба сарони давлатҳо оид ба таърих ва пайдоиши ҳар як намуди ҳунарҳои мардумӣ, ки то имрӯз ҳифз шудааст, маълумот дода шуд.
Дар чойхонаи миллӣ иҷрои ҳунари волои кандакорӣ, гачкорӣ, кундалнигорӣ ва наққошии бемисл ба зебоии бино шукӯҳи хос бахшидааст.
Дар растаи таомҳои миллӣ ва нонҳо меҳмонон ба таомҳои миллии тоҷикӣ, қирғизӣ ва узбекӣ, аз ҷумла ба санъати баланди тайёр кардани оши палов таваҷҷуҳ намуда, баъди суҳбат ба ошпазҳо баҳои баланд доданд.
Дар намоишгоҳи калони ҳунармандон, ки аз ҷониби устоҳои гулдаст ва доираҳои гуногуни аҳли фарҳанги давлатҳо таҳия шуда буд, сарони давлатҳо бо намунаҳои мухталифи маҳсули дасти устоҳои чирадаст, косибон ва заргарони Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон шинос шуданд.
Барои меҳмонони олимақоми қалъаи Хуҷанд аз ҷониби ҳунармандон, аҳли фарҳанги давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон намоиши театрӣ таҳти унвони “Меҳрнома” манзур гардид.
Чоп намудан
E-mail
01 апрели 2025 .
Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ баргузор гардид.
Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.
Сипас сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи фосилавии стелаи (сутуни) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Бо розигии сарони давлатҳо аз ҷониби намояндагони масъули ҷонибҳо иншооти рамзӣ дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.
Садои мусиқӣ дар майдони ифтитоҳи иншоот бо истифода аз карнай, сурнай ва дигар созҳои миллӣ ба маросим шукӯҳи хосса бахшид.
Чоп намудан
E-mail
01 апрели 2025 .
31 март дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони воломақомро самимона истиқбол намуданд ва маросими аксбардории муштараки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои ҳамсояро самимона хайрамақдам гуфта, бори дигар онҳоро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва изҳор доштанд, ки «ин ҷашн давоми ҳазорсолаҳо барои таҳкими ҳадафҳои баланди инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар, ҳамбастагӣ ва ризоият хизмат намудааст».
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд».
«Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем», - зикр намуданд Пешвои миллат зимни суханронӣ. Дар идома Сарвари давлати мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номиданд.
Президенти давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баимзорасии Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро «рӯйдоди бисёр муҳим» арзёбӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои пурсамари сафари давлатии ба наздикӣ анҷомёфтаи худ ба Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон азм дорад дар давраи оянда тамоми кӯшишҳоро барои фароҳам овардани заминаи зарурӣ ҷиҳати ҳамкории гуногунҷанбаи созандаи ду кишвар равона намояд.
Сарвари давлати мо аз имзои Шартнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ва табодули тасдиқномаҳо оид ба он изҳори қаноатмандӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки бо имзои ин санади таърихӣ «дар муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон марҳилаи сифатан нави рушд оғоз ёфт».
Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «мо ба ояндаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон хушбинии баланд дорем».
Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи роҳбарони се кишвари ҳамсоя «ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд».
Чоп намудан
E-mail
01 апрели 2025 .
Баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор шуд.
Санади мазкур дар ҳузури сарони давлатҳо аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расид.
Чоп намудан
E-mail
01 апрели 2025 .
31 март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро хайрамақдам гуфта, бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва аз рушди босуръати муносибатҳои ду давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Густариши фаъолонаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ махсус зикр гардид.
Зимни суҳбат Сарони давлатҳо аҳамияти имзои Аҳдномаи таърихӣ дар бораи муносибатҳои ҳампаймониро таъкид намуда, онро боз як далели равшани дӯстии қавӣ ва дастгирии ҳамдигарии ду давлат номиданд.
Ҳарду роҳбар омодагии худро барои минбаъд низ дар ин руҳия муттасил рушд додани муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид намуданд.
Зимни суҳбати судманд ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо ҷараёни устувори афзоиши гардиши савдои дуҷонибаро, ки далели иқтидори назарраси мавҷудаи ду кишвар барои афзоиши минбаъдаи он мебошад, зикр карданд.
Афзоиши сармоягузории дуҷониба нишондиҳандаи муҳими густариши ҳамкории иқтисодӣ номида шуд.
Дар ин замина, ба мақсад мувофиқ будани татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт зикр карда шуд.
Сарони ду давлат ба густариши ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, аҳамияти баргузории конфронсҳои илмӣ-амалӣ, форумҳо, фестивалҳо, симпозиумҳо ва мулоқотҳои зиёиёни эҷодкор ва илмиро таъкид намуданд.
Инчунин, оид ба баъзе масъалаҳои вобаста ба амният, мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода шуд.
Чоп намудан
E-mail
01 апрели 2025 .
31 март Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд меҳмони воломақомро ба нишони накуҳамсоягӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон гулдухтарони тоҷик чун анъана дастагул пешкаш намуданд.
Барои истиқболи меҳмони олиқадр дар майдони фурудгоҳ роҳрави сурх густурда шуда, аксҳои сарони давлатҳо, инчунин парчамҳои давлатӣ ва шиорҳои тараннумгари дӯстию бародарии халқҳои се кишвари ҳамсоя насб гардидаанд.
Барномаи кӯтоҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон дар фурудгоҳ ба маросими истиқболи меҳмони воломақом шукӯҳи хос зам намуд.
Чоп намудан
E-mail
01 апрели 2025 .
Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санади таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ – «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ» ва «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» баргузор гардид.
Баъди табодули Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба таври фосилавӣ хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд”-ро, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Чоп намудан
E-mail