Баргузории вохӯрии кормандони мақомот дар Колеҷи технологии Тоҷикистон
Санаи 22-уми августи соли 2024 тибқи «Нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳои кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия барои нимсолаи дуюми соли 2024» дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникии қаламрави ҷумҳурӣ ҷиҳати муқовимати самаранок ба коррупсия дар мавзӯъҳои «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ баргузор карда шуд.Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кормандони Кумита ва муассисаҳои зерсохтории он, пешгирӣ аз содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, инчунин таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия доир гардида, дар он мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ба иштирокчиён ҳамаҷониба тавзеҳ дода шуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиро дар кишвар фароҳам овардааст.
Чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ



