Баргузории конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба эълон намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
15 августи соли 2024 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи эълон намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 16 апрели соли 2024, №252 тасдиқ гардидааст, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ - амалӣ баргузор гардид.Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун мебошад.
Дар кори конфронс иштирокчиён доир ба мавзўъҳои «Маърифати ҳуқуқии омӯзгор» ва «Ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳо» маърӯза намуда, паҳлуҳои гуногуни мавзўъҳои баррасишавандаро шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар маҷмӯъ чорабинии мазкур дар фазои руҳияи зиддикоррупсинӣ сурат гирифта, бо итминони комил метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ



