НАВРӮЗ - ҶАШНИ МОНДАГОРИ АҶДОДӢ
Мардуми мо аз замонҳои қадим Наврӯзро бо дилу нияти нек, ботини тоза ва зоҳири ороста истиқбол гирифта, ҳамеша умед доштанд, ки қадами соли нав бо файзу баракат мешавад.
Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардумони ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла тоҷикон буда, тибқи асотири ниёгон, нахустин шоҳи олам Каюмарс дар ин рӯз ба тахти шоҳӣ нишастааст. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчунин бунёд гузоштани Наврӯз ва муайян намудани сари соли нав ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шудааст. Наврӯз – рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун намудани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, эҳёи табиат, поёни сардиҳо ва оғози меҳру гармӣ ва фаровонию баракот аст.
Ин ҷашни бостон дар рӯзгори мо, пеш аз ҳама, рамзи бақои зиндагӣ, зебоӣ ва ҷавонии оламу одам аст. Бо дахли суннатҳои наврӯзӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки маросиму ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонасафедкунӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, навозиши сари ятимону бепарасторон ва дигар амалҳои хайр аз суннатҳои неки наврӯзӣ буда, аксари онҳо то имрӯз дар Тоҷикистон ба таври васеъ роиҷанд. Илова бар ин, ташкилу баргузории ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили аспдавонӣ, гӯштингирӣ, инчунин, шеърхонӣ, ба бар кардани либосҳои миллӣ ва намоиши онҳо, омода намудани таомҳои миллӣ аз гиёҳу растаниҳои баҳорӣ аз ойинҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро дар рӯзҳои наврӯзӣ бо шавқу завқи зиёд анҷом медиҳанд.
Собиқаи таърихӣ, рамзу ҳикмат ва мантиқи баланди Наврӯз боис бар он шуд, то Маҷмаи умумии СММ бо судури Қатъномае дар соли 2010 ин ҷашнро байналмилалӣ ва рӯзи 21-уми мартро барои ҳамеша «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» хонад.
Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои ҳавзаи Наврӯз мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ин ҷашн яке аз кишварҳои ташаббускор буд ва дар ҳифзу нигаҳдошти ормонҳои умумиинсонӣ ва умумифарҳангии ин ойини хусравонӣ саҳми муассир гузошт. Ҷашни Наврӯз аз суннатҳои куҳани машриқзамин ба ҳисоб рафта, ҳар сол на фақат дар кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз, балки дар бисёр мавзеъҳое, ки ба ҳукми таърих зери нуфузи тамаддуни халқҳои қадимаи ориёӣ қарор гирифта буданд ва ё бо ин қавму қабила муколамаи фарҳангии қавӣ доштанд, таҷлил мегардад.
Акнун бо ҷаҳонӣ шудани Наврӯз имкониятҳои бештаре фароҳам омадаанд, ки кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба воситаи таҷлили ҳамасола ва пуршукӯҳи Наврӯз суннатҳои волои онро пос доранд ва ба оламиён собит намоянд, ки Наврӯз воқеан ҳам аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки дар даврони бостонии мо сол аз ду фасл иборат будааст, яъне зимистон ва тобистон. Вале тайи асрҳо он батадриҷ ба чаҳор фасл тақсим шуда, баъдан ҳисоби сол бар асоси тақвими кишоварзӣ сурат гирифт. Бар асоси ин тақсимбандӣ аввали баҳор оғози зиндагии табиат ва шурӯи кишту кор барои соли баъдӣ будааст. Панҷ рӯзи аввали Наврӯзро асосан деҳқонон ва панҷ рӯзи дигарро дарбориён ҷашн мегирифтаанд. Дар иди Наврӯз дар шаҳрҳои калонтарини Самарқанд, Бухоро, Балх, Марв, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва Фарғона базмҳои Наврӯзӣ ва гӯштингирӣ гузаронида мешуданд.
Аз саҳифаҳои таърихи давлатдории мардуми ориёӣ ва тоҷикон бармеояд, ки дар замони салтанати давлатҳои номдори тоҷикӣ - Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ ва давлатӣ эътироф шудааст. Дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз ва ба иди мардумони ориёитабор табдил ёфтани он муаррихону муҳаққиқон ақидаҳои мухталиф доранд. Аммо, дар ин маврид аксари онҳо ҳамназаранд, ки қадимияти Наврӯз ба ҳазораҳои пеш аз милод бозмегардад. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки нахустин санади таърихӣ дар бораи баргузории ҷашни Наврӯз дар даврони салтанати Валоши Аввал - подшоҳи ашконӣ дар асри 1-уми мелодӣ пайдо шудааст. Вале муаррихони дигар, далели сохта шудани биноҳои «Тахти Ҷамшед»-ро дар Шероз, баргузории ҷашни Наврӯзро дар замони подшоҳони ҳахоманишӣ медонанд, ки ин ақида собиқаи Наврӯзро боз ҳам қадимтар мегардонад. Пажӯҳишҳои нав дар бораи таърихи Наврӯз, донишмандонро ба ин натиҷа расонидааст, ки агарчӣ ҷашнгирии Наврӯз дар замони Ҷамшед ба ҳукми анъана даромад, вале пайдоиши он ҳамчун иди бедории табиат ва оғози фасли киштукор таърихи беш аз 6000-сола дорад.
Барои мо, тоҷикон ва кулли давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз мояи ифтихор аст, ки ин иди куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то ба Осиёи Марказӣ, нимқораи Ҳинд, Қафқозу Руссия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки аҳамияти Наврӯз фақат дар таърихӣ ва қадимӣ будани он нест. Ин ҷашн саропо рамз асту ҳикмат. Наврӯз хислатҳои бузурги зебоипарастиву меҳмоннавозӣ ва накӯкориву хайрхоҳиро дар қалби инсонҳо ҷо намуда, табиатро бедор месозад, равшаниро бар зулмот, гармиро бар сардӣ пирӯз мегардонад ва шодиву сурури мардумро ба зиндагӣ бештар месозад. Дар ин айём мардуми мо ба тозаву озода намудани хонаву кошонаи худ машғул шуда, гулгашту хиёбон ва боғу майдонҳоро ободу хуррам мегардонанд, либоси нав ба бар менамоянд ва ҳамдигарро бо дилу нияти нек ва орзуи зиндагии осудаву хайру баракати хонадон бо фарорасии соли нав, омадани баҳор ва оғози мавсими киштукор табрик менамоянд.
Яке аз фазилати неки Наврӯз он аст, ки эҳдои корҳои нек бо тавсия ва маслиҳати калонсолон оғоз меёбад. Дар оғози корҳои деҳқонӣ ба сари кишт ҷамъ шуда, ба мӯйсафедон бо эҳтиром оғози корро супоридан, ба говҳои ҷуфтӣ нигоҳубини махсус кардан, ба ҳамдигар об пошидан ва ғайраҳо, фалсафа ва хусусияти тарбиявӣ дошта, воситаи тарбияи насли ҷавон аст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Наврӯз ҷашни ислоҳоти зиндагии амалкунанда ба хотири пешрафту такмил аст. Бисёре аз ҷомеашиносоне, ки дар хусуси Наврӯз таҳқиқ кардаанд, бар ин боваранд, ки паёми Наврӯз паёми «таҳаввул» ва «нав шудан» аст. Ҳамин аст, ки андешамандони ҷаҳон, форсизабононро ҳамчун мардуми моил ба таҳаввул ва тозагӣ шинохтаанд.
Имрӯзҳо бо баробари ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидан, Наврӯз барои ба ҳам омадан, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, осоишу осудагии ҷаҳониён хидмат мекунад. Дар шароити вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза баҳрабардорӣ аз суннатҳо ва ҳикматҳои неки он хеле муҳим мебошад, зеро Наврӯз тантанаи нур, сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамзистӣ буда, инсониятро барои зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад. Яке аз суннатҳои бисёр хубе, ки мардуми мо дар ҷашнгирии Наврӯз анҷом медиҳанд, оростани дастурхони идона аз неъматҳои табиати диёр мебошад, ки баёнгари сарватҳои бойи ҷумҳурӣ буда, инсонро ба саховатпешагӣ даъват мекунад.
Тазаккур бояд дод, ки Наврӯзи хуҷастапай муждаи неки баҳори хуррам аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дӯстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб, худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани арзишҳои олии маънавӣ саъю кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло гиромидошти ин ҷашни аҷдодии мо бояд имрӯзу фардоҳо мояи ифтихори ҳар яки мо бошад.
Аз ин фурсати басо муносиб истифода бурда, бо фарорасии рӯзҳои баҳорӣ - ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, рӯзгори осуда, саршор аз нишоту сарсабзиҳо ва дар корҳои ҳамарӯзаатон пешравиҳои назаррасро орзу дорем.
Маркази матбуоти Агентӣ.



