Дар охир ҳамаи кормандони соҳаро бо иди касбӣ - «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» табрику шодбош гуфта, бар ҳар яки онҳо саломатӣ ва ҷиҳати иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ муваффақиятҳои боз ҳам бештарро орзумандем.
Аз ин боис, дар шакли «Ҷумҳурии Президентӣ» қабул карда шудани низоми идоракунии давлатдории Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯза маҳсуб ёфта, чунин шакли идора барои давлати тозаистиқлоли мо, дар баробари наҷоти давлату миллат, ҳамзамон яке аз омилҳои асосии рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар самтҳо гардид.
Тибқи муқаррароти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент - Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия маҳсуб ёфта, ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои онҳо ва риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон эътироф гардидааст.
Дар иртиботи меъёри мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат рамзи давлат, баёнгари ягонагии он, нигоҳдорандаи тавозуни ҳокимияти давлатӣ, ҳамгироии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва қувваи марказии ҳалкунандаи масъалаҳои умдатарини дохилию хориҷии давлат мебошад.
Маҳз аз ҳамин хотир, таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни қадршиносию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионӣ онҳоро ҳимоя ва ҳифз менамояд.
Новобаста аз он ки таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чун як рамзи давлатдорӣ ба хотири қадрдонию арҷгузорӣ ба «Ҳокимияти Президентӣ» алоқамандӣ дорад, вале ҳақиқати воқеӣ дар он ифода меёбад, ки кулли мардуми сарбаланди миллати тоҷик дар баробари ба ёд овардани «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», пештар аз ҳама, симо ва шахсияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмату заҳматҳои бузурги ин абармарди таърихӣ ва сиёсатмадори барҷастаро дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши назар меоранд.
Ҳамрадиф будан ва пайвастагии ногусастанӣ доштани мафҳуми истилоҳи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсият ва заҳмату хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат дар он зоҳир мегардад, ки агар дар таърихи миллати мо институти шакли идоракунии «Ҷумҳурии Президентӣ» дар нахустин Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ ва муқаррар шуда бошад, пас муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Президенти давлати тозабунёди мо ҳастанд, ки дар асоси муқаррароти Конститутсияи даврони навин аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб карда шуданд ва шахсияту симои сиёсии мавсуф дар тӯли ин солҳо дар пеши назари халқу миллат давра ба давра ва батадриҷ ташаккул ёфтааст.
Ҳоло ҳар як сокини ин сарзамин ва кулли тоҷикони ҷаҳон ба хотири хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва муҳаббати самимие, ки Пешвои муаззами мо ба ин халқу миллат ва садоқате, ки ба ин Ватан доранд, дӯст медоранд ва дар азамати шоистагию сазоворӣ ба ин шахсият эҳтиром мегузоранд.
Ин таҳаввулот гузариши амиқи иҷтимоиву маданӣ ва баромадан ба зинаи нави беҳзистӣ ва дурустандеширо ифода карда, тамоми ҷанбаҳои ҳаёт - аз зиндагии моддӣ то арзишҳои маънавиро фарогир мебошад.
Бо Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ сарфароз гардонидани Пешвои муаззами миллати тоҷик, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин «Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ» далели гуфтаҳои боло ва нишонаи арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи ин чеҳраи барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
Маҳз ба ҳамин хотир, инак тӯли 8 сол мешавад, ки мардуми фарҳангсолори тоҷик «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент ва садоқат ба Ватан бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комили миллӣ ҷашн мегиранд.
Кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сокинони бошарафи ин сарзамини муқаддас, бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, бо фаъолияти намунавори хизматӣ дар рушду нумӯъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳми босазо мегузоранд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз - қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро сарвари давлати худ интихоб намояд.
Ба хизматҳои барои халқ иҷронамудаи Президенти ҷумҳурӣ, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо шоҳидем, ки он ба таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.
Конститутсия низ ҳамчун санади қувваи олии ҳуқуқидошта самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуда, бо ёрии он мо тавонистем миллати тоҷикро аз парокандагиҳо эмин нигоҳ дошта, давлати мутамаркази ҳуқуқбунёду муосирро бунёд намоем ва алангаи оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш созем.
Бо дарназардошти муҳимияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6-ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Таърих гувоҳ аст, ки Конститутсия барои инкишофи босуръати давлатҳои абарқудрати дунё заминаи ҳуқуқии боэътимод гузоштааст. Аз ҷумла, Конститутсияи Амрико соли 1787 ва Фаронса соли 1791 таърихи тулонӣ дошта, инқилоби буржуазӣ сабаби асосии қабули онҳо гардидааст. Ин санадҳои ҳуқуқӣ бо мутобиқгардонӣ ба талаботи ҷомеа ва давлат то ҳол амал мекунанд, ки аз муҳимият ва боэътимод буданашон шаҳодат медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ заминаҳои пайдоиш ва ташаккулёбии худро дорад. Дар марҳилаи рушди қонунгузории Тоҷикистон дар ҳайъати Иттифоқи Шӯравӣ чор маротиба Конститутсия (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978) қабул ва такмил ёфта буд.
Дар муқоиса бо конститутсияҳои замони Шӯравӣ Конститутсияи соли 1994 хусусиятҳои фарқкунанда ва афзалиятҳои зиёд дорад. Ин Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст, барои такрор наёфтани вазифаҳои мақомоти давлатӣ таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шуд, Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони ҳалқи маҳаллӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия бо пурсиши иродаи халқ тариқи интихобот ва райпурсӣ муқаррар карда мешавад. Инчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар марҳилаи мавҷудияти Конститутсия 22 Кодекс ва зиёда аз 400 қонунҳои умумию соҳавӣ қабул карда шуданд, аз ҷумла Кодексҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, гумрук, андоз ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ қабулгардида, барои таъмини амният, сулҳу суботу оромии ҷомеа ва танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ саҳми сазовор гузоштанд.
Аз ин лиҳоз метавон зикр намуд, ки Конститутсияи амалкунанда орзуҳои ҳазорсолаи аҷдодони моро ҷомаи амал пӯшонид ва шукрона бояд кард, ки мо аз ин афзалиятҳо баҳравар ҳастем.
Се маротиба ворид шудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (солҳои 1999, 2003 ва 2016) шаҳодат аз он медиҳад, ки меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил дода шуд. Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳанд, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Бо шарофати замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия, Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 150 давлати дунё пазируфтаанд. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои дӯстона ва равобити дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.
Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.