Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9 марти соли 2024 зимни вохурӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир ба равандҳои дар ҷаҳони муосир идомадошта ва таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат андешаҳои ҷолиби диққат ва барои мардуми шарифи Тоҷикистон ниҳоят заруриро баён доштанд.
Дар ҳамин вохӯрӣ, баъди таҳлилҳои асосноку дақиқ ба масъулин дастур доданд, ки бо дарназардошти таҷрибаҳои андӯхта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад.
Маҳз дар асоси ҳимин дастури Сарвари давлат ҷиҳати таъмини нуфузи бештари суннатҳои фарҳангӣ, арзишҳои мардумӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ва дар маҷмӯъ бо мақсади боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ санаи 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид ва аз 22 июни соли ҷорӣ мавриди амал қарор дорад.
Қобили тазаккур аст, ки Қонуни мазкур аз ҷиҳати мавзӯи танзим, сохтори дохилӣ ва таҷдиди меъёр аз қонуни қаблӣ тафовути куллӣ дошта, аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, нисбат ба Қонуни қаблӣ 1 боб ва 6 моддаи нав илова карда шудааст.
Бо назардошти он ки мафҳумҳои «анъана» ва «маросим» як маъноро ифода мекунанд, қонунгузор онҳоро дар доираи як мафҳум, яъне «маросим» ифода карда, калимаи «анъана»-ро аз матни Қонун хориҷ кардааст.
Маросими дафну азодориро моддаи 14 Қонун пешбинӣ кардааст ва тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат гирифта, маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронда мешаванд.
Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ бошад, аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳатӣ аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 баргузор карда мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда шуда, дар тамоми ҷашну маъракаҳо пошидан ва часпондани пул манъ карда шудааст.
Феълан давлати мо бо як қатор кишварҳои ҷаҳон робитаи дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад.
Дар соли 2023 аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият 345,4 миллион сомонӣ ба давлат барқарор намудааст, ки 251,2 миллион сомонии он бевосита ба суратҳисоби буҷети давлатӣ ва 94,2 миллион сомонӣ бо роҳи даромад кардани воситаҳои пулию молӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо мебошад.
Ҳамзамон дар нимсолаи якуми соли 2024 Агентӣ 290,1 миллион сомонӣ ба давлат барқарор намудааст, ки 191,1 миллион сомонии он бевосита ба суратҳисоби буҷети давлатӣ ва 93,3 миллион сомонӣ бо роҳи даромад кардани воситаҳои пулию молӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо, инчунин 5,7 миллион сомонӣ ба дигар манбаъҳо рост меояд.
Дастовардҳои соҳаро агар номбар кунем, нишондиҳандаҳо дар ин самт хеле зиёданд ва ҳамаи ин натиҷаҳои назаррас бо заҳмату меҳнати шабонарӯзии кормандони Агентӣ ба даст омадаанд.
Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки тамоми кормандони мақомот бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, содиқ будан ба Роҳбари давлат ва халқи Тоҷикистон баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар саросари ҷумҳурӣ минбаъд низ талош варзида, вазифаи дар наздашон гузошташуда - назорати давлатии молиявӣ оид ба самарабахшии истифодаи воситаҳо ва амволи давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи пешгирӣ, ошкорсозӣ, огоҳсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро амалӣ хоҳанд кард.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мо ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба камол расонидем ва имрӯз дилпурона гуфтан мумкин, ки дар қалби онҳо муҳаббати Тоҷикистони азиз нақши устувор пайдо кардааст.
Бо вуҷуди ин, ҷомеаи моро зарур аст, ки аз макру ҳила ва найрангу фитнаҳои хиёнаткорони дохилию хориҷӣ ғофил намонад. Зеро оддитарин ғафлат метавонад боиси ба доми душманон афтидани афроде, алалхусус ҳамин насли наврас гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 июни соли 1997 барои иштирок дар музокироти тоҷикон ба шаҳри Москва сафар намуда, дар вохӯрӣ масъалаи вобаста ба имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” мавриди муҳокима ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Москва “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати муҳими таърихиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва намояндаи махсуси муншии умумии СММ дар Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем имзо гузоштанд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо имзои Созишнома марҳилае шуруъ мешавад, ки созишҳои ҳосилшуда ба таври умумӣ ва дар алоқамандӣ бо ҳам иҷро мешаванд, ки ин ба моҷарои бародаркушӣ дар Тоҷикистон ба таври абадӣ хотима мегузорад, ҳамдигарбахшӣ ва авфро таъмин мекунад, гурезаҳоро ба зодгоҳашон бармегардонад, барои инкишофи ҷомеаи демократӣ, гузаронидани интихоботи озод ва барқарор кардани иқтисоди кишвар, ки аз моҷарои бисёрсола хароб шудааст, шароит фароҳам месозад.
Дар маросими имзои Созишнома Президенти Федератсияи Россия Б.Н.Елсин, вазири корҳои хориҷии ин кишвар И.М.Примаков, вазирони корҳои хориҷии Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, намояндагони Афғонистон ва дигар ашхоси расмӣ ҳузур доштанд.
Дар маҷмӯъ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат ва хомӯш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ, бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат бо дигар ҷониб 21 маротиба музокира анҷом дода шуда, 40 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид. Ин ҳама барои бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик мебошад, замина гузошт ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.
Ташаккули ғояи ваҳдату ягонагӣ яке аз вазифаҳои умдаи ҳар як миллати соҳибдавлат мебошад, зеро бе андешаи устувори ваҳдати миллӣ ва дақиқ муайян кардани ҳадафу роҳи таърихии ҳар як халқ, идомаи ҳаракати он ба сӯи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.
Қобили зикр аст, ки мо маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризояти ҷомеа тавонистем, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем. Бинобар ин, бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи Ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Ин рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳамаи ободиву осудагии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон меваҳои шаҳдбори истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Маҳз истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тавонист, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад. Самараи ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллатро пазируфта, мавриди амал қарор дод. Натиҷаи ҳамаи ҷонфидоиҳо ва қаҳрамониҳо буд, ки имрӯз дар кишвари мо амнияти саросарӣ пойдор ва ободиву бунёдкориҳо дар авҷ аст.
Ҳамватанони азиз, бо ин ҷашни тақдирсоз - “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ҳар яки Шуморо табрику муборакбод гуфта, бароятон хонаободӣ, сулҳу субот, оромӣ ва барои Тоҷикистони азизамон пешравиҳои назаррасро орзумандем.
«Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҷаҳони имрӯза пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост ва паҳншавии падидаҳои номатлуб ба монанди экстремизм, терроризм, радикализм, фундаментализм ва созмонёбии ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротгароӣ, созмонҳои террористии барои суботу амнияти ҷомеа хатарафзо авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро ва созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Давлатҳои дунё кӯшиш кӯшиш ба харљ медињанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад, зеро ин ҷараёни хатарзо ба несту нобуд кардани халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳо замина мегузорад.
Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб кардааст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд.
Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Ифротгароӣ ва терроризм - яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти љањон ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.
Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мегардад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишвар ворид месозад.
Аслан гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз ҳолатҳои ногувор ва вазъи нохуби ин ё он давлатҳо истифода мекунанд ва бештар фаъол мегарданд. Махсусан, ифротиёни динӣ, ки аз дини мубини ислом сӯистифода карда, миёни аҳолии осоишта иғво меандозанд, аз ҷумлаи ҳамин гуруҳҳои ба ҷомеа зараррасон мебошанд. Таърих гувоҳ аст, ки амалҳои ифротгароӣ мардуми шарифи кишвари моро низ солҳои 1992 - 1997 ба ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркушӣ оварда, ба ватани мањбуби мо оқибатҳои вазнин ва хисоротҳои зиёде расонидааст.
Аз ин рӯ ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки аз оқибатњои нангини ин зуњурот бохабар буда, бар зидди терроризму ифротгароӣ муқоввимат намоянд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷавононро зарур аст, ки ҳар як ваҷаб хоки аҷдодии кишвари азизамонро ҳифз намоянд ва барои мубориза алайҳи терроризму экстремизм бо роҳу усулҳои самарабахш омода бошанд.
Дар тамоми вазъу ҳолат мо шањрвандони ин марзу буми муқаддас ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва доимо пайрави мактаби бузурги сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бошем.