Маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Қасри миллат

5 июл маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки “Созмони Милали Муттаҳид дар татбиқи маҷмӯи барномаҳои авлавиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас дорад”.

Антониу Гутерриш дар навбати худ ба нақши намоёни Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ махсус таъкид дошта, аз ҷумла чунин изҳор намудаанд: “Тоҷикистон кишвари хурд ҳам бошад, дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста мебозад”.

Зимни вохӯрӣ роҳҳои пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ, ки имрӯз инсоният ба он рӯ ба рӯ гаштааст, муҳокима гардид.

Мавзӯъҳои муҳими суҳбат, ҳамчунин, ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, аҳаммияти татбиқи “Эъломияи Душанбе” аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо низ равона гардидааст, андешаронӣ намуданд.

Дар ин зимн ислоҳоти низоми байналмилалии молиявӣ ба мақсади таъмини маблағгузории мунтазам ва дарозмуддат барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо доир ба таъсири тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон, бахусус натиҷаи пайомадҳои манфии ин раванд табодули андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки кишвари мо талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати дарёфти роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии тағийрёбии иқлим ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Зимни баррасии масоили амниятӣ ҷонибҳо аз вокуниши муштарак ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон талошҳои Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои рушди устувор, таҳкими сулҳу амният, инкишофи илму технология ва истифодаи навовариҳо, инчунин, таҳкими ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, ҷонибдорӣ мекунад.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон

4 июл Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.

Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.

Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасон бо либосҳои миллӣ, дар даст парчамҳо таҳти садои карнаю сурнай Роҳбари кишвари дӯсту ҳамсояи Чинро самимона истиқбол намуданд.

Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 4 то 6 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст.

Чоп намудан E-mail

Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Покистон ва нишасти матбуотӣ 02.07.2024

Муҳтарам намояндагони  воситаҳои ахбори умум,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст дӯсту бародари гиромии худ, Ҷаноби Олӣ Шаҳбоз Шариф Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳашонро бори дигар хайрамақдам мегӯям.

Мо аз идомаи пайвастаи раванди тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Музокироти мо зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Шаҳбоз Шариф чун анъана дар фазои ҳусни тафоҳуми комил, самимият ва эътимод ба ҳамдигар сурат гирифтанд.

Мо натиҷаҳои мулоқотҳои имрӯзаро омили муҳимми таҳкиму тавсеаи тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон арзёбӣ менамоем.

Имрӯз ҷонибҳо бастаи нави санадҳои ҳамкориро ба имзо расониданд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатии ду кишвари ба ҳам дӯстро дучанд тақвият мебахшанд.

Бахусус, мехоҳам аҳаммияти таърихии Созишнома дар бораи шарикии стратегиро таъкид намоям.

Бовар дорам, ки сатҳи сифатан нави робитаҳои ду ҷониб омили рушди самарабахши онҳо дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ хоҳад гардид.

Ҳар ду ҷониб бар он назаранд, ки ҳамкории фарогир ва созанда комилан ҷавобгӯи манфиатҳои дарозмуддати мардумони ду кишвар мебошад.

Ҳамзамон бо ин,  таъкид гардид, ки пешбурди ин раванд ба густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи  Осиёи Марказиву Ҷанубӣ мусоидати ҷиддӣ менамояд.

Мо сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду кишварро  баланд арзёбӣ намуда, муколамаи мунтазам ва пурмазмуни сиёсиро   омили такондиҳандаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду ҷониб медонем.  

Дар айни замон мувофиқи мақсад мебуд, ки арсаи ҳамкориҳои иқтисодӣ тавассути идомаи самарабахши кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ   тавсеа дода шавад.

Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ мо ба таври муфассал маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии  дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додем.

Вобаста ба ин, имконоти фаровони густариши муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи ин самтҳо зикр  карда шуд.

Ҳамчунин, аҳаммияти тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ махсус таъкид гардид.

Қобили тазаккур аст, ки соли равон дар асоси муқаррароти Созишномаи моҳи декабри соли 2022 баимзорасида «Дар бораи тиҷорати транзитӣ», бори аввал аз Покистон корвони мошинҳои боркаши  Ширкати миллии логистикии  Покистон ба Тоҷикистон ворид шуд.  

Мо умед дорем, ки доираҳои сармоягузори кишвари дӯсти Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи он иштироки фаъолу судманд хоҳанд дошт.

Ин, алалхусус, ба барномаҳои рушди саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ тааллуқ дорад.

Яке аз лоиҳаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва барои кишварҳои Осиёи Марказиву Ҷанубӣ муҳим барномаи КАСА–1000 мебошад.

Ҷараёни татбиқи ин лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқ дар маркази диққати мо қарор дошт.

Тоҷикистон кишвари маҳсур бо хушкист.

Дар ин замина, мо бори дигар манфиатдории худро ба истифодабарии имконоти бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа таъкид доштем.

Ҳар ду ҷониб нисбат ба мавзӯоти густариши ҳамкории фарҳангиву башарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Дар робита ба ин, аз ҷониби мо ба аҳаммияти амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва тавсеаи робитаҳои илмиву техникӣ ишора карда шуд.

Мо доир ба номгӯйи фарохи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намудем.

Вобаста ба ин, нисбат ба мавзӯи рушду такомули густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид,  Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории исломӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Зимни муҳокимаи вазъияти имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон  мавриди диққати ду ҷониб қарор дошт.

Ҷониби Тоҷикистон бар он аст, ки суботи комил ва барқарории иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон барои таъмини амният ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ аҳаммияти хосса дорад.

Ба ин манзур, Тоҷикистон ҳамеша манфиатдори он аст, ки дар ин кишвари ҳамҷавор сулҳу амонии пойдор ҳукмфармо бошад. Дар ин раванд таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро омили калидӣ мешуморем. 

Масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноякории муташаккили фаромарзӣ, ки ба амнияти ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа  хатари ҷиддӣ эҷод месозанд, мавриди баррасии мо қарор доштанд.

Дар ин самт бештар ҳамоҳанг намудани фаъолияти хадамоти махсус ва дигар сохторҳои марбутаи ду давлат тақозои замон дониста шуд.

Мо аз сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Шаҳбоз Шариф изҳори қаноатмандии комил менамоем.

Натиҷаҳои дар доираи ин сафар бадастомадаро боз як қадами муҳим дар самти  густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар арзёбӣ мекунем.

Ҳоло риштаи суханро бо камоли майл ба Ҷаноби Олӣ медиҳам.  

Марҳамат, бародари гиромӣ.

******

Ташаккур, Ҷаноби Олӣ.

Аз даъвати Шумо ҷиҳати анҷом додани боздид аз сарзамини Покистони дӯст сидқан миннатдорам.

Бо камоли сарфарозӣ аз ин даъвати дӯстонаи Шумо истифода хоҳам кард.

Муҳтарам намояндагони  воситаҳои ахбори умум,

Нишасти матбуотии мо ба поён расид, барои иштирок дар он ба ҳамаи ҳозирин сипоси хешро изҳор менамоям.

Саломат бошед!

Чоп намудан E-mail

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Покистон ва нишасти матбуотӣ

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Покистон ва нишасти матбуотӣ 02.07.2024

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардида, дар ҳузур ва бо иштироки Пешвои миллат ва Сарвазири Покистон 9 санади муҳим ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ба Изҳороти муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз натиҷаи сафари расмӣ Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имзо гузоштанд.

Сипас, санадҳои зерин ба имзо расид:

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои солҳои 2025-2026;

- Протоколи нияти ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати федералии корҳои баҳрии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши ҳамкорӣ дар содирот ва воридоти молҳо ва маҳсулоти саноатӣ;

- Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Покистон;

- Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Покистон;

- Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Душанбе, Тоҷикистон) ва Донишгоҳи Панҷоб (Лаҳор, Покистон);

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Федератсияи крикети Тоҷикистон ва Шурои крикети Покистон.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти Тоҷикистону Покистонро неку самарабахш арзёбӣ намуданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон 02.07.2024

2 июл баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъи ду ҷониб идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр - Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

“Мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом хеле муҳим медонем. Аз ин рӯ, алоқаманди таҳкиму тавсеаи ҳамкории худ бо кишвари бародари Покистон ҳастем”, - таъкид доштанд дар оғози мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 

Дар ҷараёни вохӯрӣ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ва маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамаҷонибаи пайвандҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Покистон муҳокима гардид.

Дар ин зимн ҷонибҳо хоҳони густариши бештари робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, бахшҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан ва кишоварзӣ шуданд.  

Ҳамчунин, бо мақсади вусъат додани ҷанбаҳои дигари ҳамкорӣ баргузории ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, энергетика, Шӯрои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ва таъсис додани Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000-ро пайвандгари воқеии кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ номиданд.

Дар идомаи мулоқот масъалаи дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои ҷаҳонӣ, хусусан роҳҳо ва бандарҳои обии Покистон муҳокима карда шуда, ҷонибҳо ба амалисозии лоиҳаҳои пайвастшавии ду кишвари дӯст тавассути роҳҳои мошингарду оҳан диққати зиёд доданд.

Рушди ҳамкории дуҷониба дар самти логистика ва баррасии имкониятҳои таъсис додани марказҳои логистикӣ дар яке аз минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Покистон ба манфиати кор дониста шуд. 

Густариши робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯён, рушди муносибатҳои фарҳангию башардӯстӣ ва тандурустӣ аз масъалаҳои дигари музокироти сатҳи олӣ буд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба раванди ташвишовари бесубот гардидани вазъи ҷаҳон, осебпазир шудани низоми амнияти байналмилаливу минтақавӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ табодули андеша намуданд.

Аз ҳамкории пайвастаи Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба кишвари дӯсти Покистон ҷиҳати пуштибонии доимӣ аз ташаббусҳои муҳимми Тоҷикистон дар ҷодаи об ва иқлим изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

Оғози сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф 02.07.2024

2 июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шарифро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди Пешвои миллат ва меҳмони воломақом анҷом ёфт.

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсария

Мулоқот бо Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсария 02.07.2024

2 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, Вазири федералии молия Карин Келлер-Зуттер ва Раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷорданро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.

“Мо Конфедератсияи Швейтсарияро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва кишвари Шумо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хосса дорад” -изҳор доштанд дар оғози вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Густариши минбаъдаи робитаҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз қабили бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ судбахш номида шуд.

Ҷалби сармояи Швейтсария ва технологияҳои муосири он ба рушди соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, фармасевтика, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, рақамикунонии иқтисодиёт зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои дигари судовар, аз ҷумла сайёҳӣ, равобити зичи фарҳангиву башарӣ ва илму маориф табодули афкор намуданд.

Аз ҳамоҳангиҳои доимӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои калидии замони муосир изҳори қаноатмандӣ карда шуда, дастгирии доимии Швейтсария дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим таъкид гардид.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, инчунин ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ муҳокима карда шуд.

Чоп намудан E-mail

Footer