Баргузории вохӯрӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 октябри соли 2024 бо мақсади татбиқи минбаъдаи «Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи якум (2021-2025)» ва тибқи нақшаи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо коррупсия, дар дастгоҳи марказии Кумита вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.Зимни вохӯрӣ намояндаи Агентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи якум (2021-2025)» шарҳу эзоҳ дода, оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мисолҳо оварда, доир ба масъалаҳои мубрами ташкили мавқеи зиддикоррупсионӣ изҳори назар намуд.
Ҳамчунин масъалаҳои рафъи сабабҳо ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ мусоидаткунанда, маҳдудиятҳо дар гирифтани тӯҳфаҳо, муқаррар намудани ҷазо барои гирифтани ришва ва додани ришва, аз кор озод кардан бо сабаби аз даст додани боварӣ, тартиби тафтиши маълумоти аз ҷониби шахсони мансабдори Кумита ва воҳидҳои тобеи он тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо коррупсия пешниҳодшуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ байни кормандони Кумита ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.
Маркази матбуоти Агентӣ.



