29 августи 2023 .
Равандҳои сиёсиву ҷамъиятие, ки таи солҳои охир дар ҷаҳони имрӯза ба вуқуъ мепайванданд, ҷомеаи тоҷикро водор месозанд, ки ба тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ диққати махсус дода шавад, зеро фақат дар ҳолати донистан ва дарк кардани ҳуқуқу вазифаҳои конститутсионии худ шаҳрвандони мо метавонанд, ки бо ҳисси масъулияти баланди ватандустӣ дар роҳи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия саҳми арзандаи худро гузоранд.
Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав бо иштироки роҳбарон ва муҳосибони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва нақши соҳаи маориф дар баланд бардоштани маърифати зидди коррупсионии аҳолӣ сӯҳбату вохӯрӣ доир гардид.
Қайд карда шуд, ки мубориза бо коррупсия аз ҳар як фарди бо нангу номуси миллат, бахусус омӯзгорон ва зиёиён вобастагӣ дорад. Бинобар ин аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ фаъолнокӣ нишон дода, баҳри ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ дониш ва неруи худро равона созанд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
08 августи 2023 .
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи кормандон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ ба ҳозирин мазмуну муҳтавои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, тарзу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия дар ҷомеа ва рафъи омилҳои ба он мусоидаткунанда шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Намояндагони Агентӣ дар фарҷом ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён ҷавобҳои муфассал гардонида, дар навбати худ аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар кори муқовимат ба коррупсия бетарафӣ зоҳир накарда, дар пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Чоп намудан
E-mail
26 июля 2023 .
Баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати кишвар буда, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.
Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи тандурустӣ чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ доир карда шуда, мафҳуму моҳияти санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои зиддикоррупсионӣ ба саъми кормандон расонида мешавад.
Бо ин мақсад дар Муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрии №1 бо иштироки доираи васеи кормандон семинари омӯзишӣ баргузор гардида, ба ҳозирин нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, аз қабили мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои муқовимат ба коррупсия, субъектҳои муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои фарогири қонуни мазкур шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар доираи чорабинии болозикр иштирокчиён доир ба мавзӯъ фикру андешаҳои хешро баён дошта, ба саволҳои пешниҳоднамуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
11 июля 2023 .
Дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби кормандони мақомот дар раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” бо иштироки сардор, муовинон ва кормандони зертобеъ сӯҳбату вохӯрӣ дар мавзуи шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” доир карда шуд.
Баргузории ҷорабиниҳои мазкур бо мақсади муаррифии нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, аз қабили мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои муқовимат ба коррупсия, субъектҳои муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои фарогири қонуни мазкур буда, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ба масъулин тавсияҳо ва дастурҳои мушаххас дода шуд.
Дар доираи вохӯриҳои зикргардида, иштирокчиёни чорабинӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
07 июля 2023 .
4 июли соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия мулоқоти дуҷонибаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба пешгирӣ, ошкор ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта инчунин дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баҳри мустаҳкам намудани робитаҳои дуҷониба дар ояндаи наздик байни Агентӣ ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия санади ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия омода карда шуда ба имзо расонида шавад.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Чоп намудан
E-mail
21 июня 2023 .
21 июни соли 2023 дар дастгоҳи марказии Агентии назорати далатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тзи Шумин доир гардид.
Пас аз шиносоӣ масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар мавзӯҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба рушду тавсеи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар самти муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои дар доираи санадҳои ҳамкории дуҷониба густариш додани он омодагии хешро изҳор намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
12 июня 2023 .
12 июни соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус вохӯрии дуҷонибаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-раиси Кумитаи назорати давлатии Ҷумҳурии Беларус-директори Департаменти тафтиши молиявӣ Маршалов Игор Анатольевич баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҳолати иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар масоили вобаста ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба самаранокии ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо ин падидаи номатлуб диққати махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо нақши Шӯрои мазкурро дар таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодӣ баланд арзёбӣ карда, ба густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳори умедворӣ намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail
12 июня 2023 .
12 июни соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Швед Андрей Иванович мулоқот намуд.
Аснои вохӯрӣ ҳайати расмии Агентӣ аз шароити кории кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус шиносоӣ пайдо карда, дар идома рафти иҷрои муқаррароти “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо дар доираи Созишномаи болозикр ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ диққати махсус зоҳир карда, аз ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти муқовимат ба коррупсия изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
E-mail