Тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони соҳаи маориф
01 сентябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони соҳаи маориф доир гардид.
Мулоқоти мазкур ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар бинои навбунёди Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти мамлакат ба шумор рафта, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст, баргузор гардид.
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд карда шуд, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.
Дар ин замина аз тарафи роҳбари давлат ба камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ишора гардида, ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бартараф кардани масъалаву мушкилоти дар ин самт ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ



