ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - ЗАМИНАИ АСОСИИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТ

Воқеан аз қадимулайём то ба имрӯз забон муҳимтарин далели рӯҳи инсонӣ, воситаи аслии муоширати байни одамон, табодули захираҳои маънавӣ ва омили асосии пешрафти тамаддунҳо маҳсуб ёфта, то он замоне, ки ҷомеаи инсонӣ арзи вуҷуд дорад, бо чунин сифатҳо боқӣ хоҳад монд.

 

Олимони соҳа забонро хотираи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як миллат медонанд ва онро ба нерӯе нисбат медиҳанд, ки қутрат ва тавоноии худро дар ҷараёни ниҳоят мураккабу пурпечутоби таърихӣ, ки аз муборизаҳо, бурду бохтҳо ва садоқату хиёнатҳо иборат мебошанд, ба намоиш мегузорад.

 

Забони миллии мо низ ба ҳайси як забони бостонӣ ва ҷаҳонӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пуршебу фарозро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст.

 

Чунки решаҳои он ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.

 

Таърих собит сохтааст, ки забони тоҷикӣ дар шумори қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёӣ маҳсуб ёфта, ба ҳайси унсури муҳимтарини фарҳанги миллӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад ва ба доираи забонҳои фарҳангии ҷаҳон шомил мебошад.

 

Ҳарчанд миллати тоҷик дар давраи ҳазорсолаи баъди Сомониёни бузург давлат надошт, вале дар тӯли ин асрҳо дар тамоми минтақаи Шарқ забони расмии дарбору давлатдорӣ, муоширати байни халқҳои гуногун ва забони байналмилалӣ забони модарии мо - забони ноби тоҷикӣ буд.

 

Аз ин рӯ, дар маҷмӯъ метавон хулоса кард, ки ҳамин забон ҳастии миллати моро наҷот дод, аз нав эҳё кард ва миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

 

Зеро забони модарӣ ягона нишонаест, ки маҳз тавассути он ба кадом миллат мансуб будани инсон муайян карда мешавад ва то ҳол илм ҳанӯз аз ин тарзи бештар, беҳтару хубтар ва далели муътамади дигарро барои муайянкунии мансубияти шахс ба ин ва ё он миллат, собит накардааст.

 

Ҳоло имрӯз низ, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ забони тоҷикӣ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ҳамрадиф будани мафҳумҳои забону давлат ва қадршиносии азамату бебаҳоии забони миллӣ нахустин Қонуни забонро, ки санаи 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, «Оғози истиқлоли фарҳангии Тоҷикистон» арзёбӣ намуданд.

 

Бо чунин мафкураи камназир ва муҳаббати самимие, ки нисбат ба забони модарӣ доштанд, аз рӯзҳои аввали давлатдории навин, ҳам бо сухан, ҳам бо қалам ва ҳам бо тафаккуру шуҷоат баҳри бедории андешаи хештаншиносии миллӣ-сиёсати забонӣ ва беҳбуди вазъи онро дар ҷомеа, дар марказу меҳвари сиёсати хеш қарор дода, дар таҳкиму ташаккули минбаъдаи он ибтикороти беназирро роҳандозӣ намуданд.

 

Аз ҷумла, дар аснои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 2 бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  забони давлатӣ эътироф кардани забони тоҷикӣ меъёри алоҳида ворид карда шуд ва ин ташаббус ба эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард, то ки арзишҳои миллию фарҳангии ин миллати куҳанбунёд эмин нигоҳ дошта шавад.

 

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат бо мақсади фароҳам овардани фазои муносиби сиёсиву маъмурӣ, фарҳангию маънавӣ баҳри рушду нумӯ ва ривоҷу равнақи забони тоҷикӣ соли 2008-ро «Соли забони тоҷикӣ» эълон карданд. 

 

Бояд тазаккур дод, ки қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои Қонуни забоне, ки санаи 22-юми июли соли 1989 дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.

 

Маҳз ба ҳамин хотир, бо ибтикори ҳамин фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид, ки ҳоло он заминаи ҳуқуқӣ барои бартарии истифодаи забони тоҷикӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

 

Баъди қабули Қонуни мазкур барои татбиқи босамари он бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 октябри соли 2009 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шуд.

 

Минбаъд бо дастуру роҳнамоиҳои Президенти кишвар ҷиҳати арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 «санаи 5 октябр» ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шуд. 

 

Ҳоло 13 сол аст, ки мардуми сарбаланду хуштолеи тоҷик, бахусус аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ рӯзи «5 октябр»-ро ҳамасола бо як ифтихор ва эҳтироми хоса ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн мегиранд ва забони тоҷикиро, дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ, ба унвони падидаи фарҳанги миллӣ, нигаҳдорандаи таъриху арзишҳои маънавии миллат, анъана ва суннатҳои мардумӣ ҷовидона муқаддас медоранд. 

 

Дар ҳақиқат қудрати забон - қудрати миллат ва намунаи олии дараҷаи рушду тараққиёти ҳаёти сиёсию фарҳангии он дар тӯли ҳазосолаҳо ба ҳисоб рафта, мусаллам аст, ки забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бе собиқа ва таҷрибаи давлатдорӣ, яъне пештар аз ҳама, бидуни пуштибонии сиёсӣ имкони такомул надорад.

 

Яқинан мояи ифтихору сарбаландии мост, ки имрӯз шахсан Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибону ҳомии забони миллӣ ҳастанд ва ба он амсоли рукни асосии бинои ҳастии миллат, устувориву будубоши давлат, таҳкурсии асосии ҳувияти миллӣ, омили аслии ҳифзи кулли дастоварду тамаддунҳо ва фарҳанги  беназири ниёгон арҷ мегузоранд, ки ин хислати ҳамидаи ватанпарастию ватандӯстӣ сазовору арзандаи пайравист.

 

Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо таърихи пурифтихори забони миллӣ ошно намудани мардум, ба фаҳму дарки аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон расонидани саргузашту тақдири забони тоҷикӣ, қудрату тавоноии он ҳамчун муқаддасоти миллӣ дорои аҳамияти бузурги сиёсию иҷтимоӣ ва маърифатию маънавӣ дорад.

 

Дар ин раванд, ҷиҳати шинохти забон, бедор намудани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба он,  тақвияти худшиносии миллӣ, тарбияи руҳияи ватанпарастӣ, зикри боз як ташаббуси комилан судманди Пешвои миллат, ки дар эҷоди асари безаволи «Забони миллат-ҳастии миллат» ифода меёбад, аз аҳамият холӣ нест.

 

Дар воқеъ, агар бузургони пешин, ба монанди устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ѓафуров ба забон ва таъриху адабиёти пурфарозу оламгири тоҷикон арҷгузорӣ карда, онро ҳамчун мероси аслии миллат рӯнамоӣ карда бошанд, дар паёмади эшон Президенти мамлакат бо таълифи ин асари мондагор ба Модар - Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ, ҳамчун ба Модар - сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт дар ҳадди шоиставу сазовор аҷргузорӣ намуданд. 

 

Бешубҳа таълиф ва нашри ин асари пурарзиш барои миллати тоҷик бузургтарин рӯйдоди фарҳангию маърифатӣ ба ҳисоб рафта, албатта барои наслҳои имрӯзу фардо ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатии миллат ва рушди тафаккуру шуури миллии аҳли ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

 

Воқеан мо ворисони ин забонро боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.

 

Аз ин боис, моро зарур аст, ки мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем, барои устувор гардонидани забони давлатиамон пайваста талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш ба харҷ диҳем. 

 

 Бо омӯзиши гузаштаву имрӯза бо ҳисси баланди ифтихор аз давлату миллат  бо нишонаи арҷгузорӣ ба забон, фарҳанг ва маърифати ватандорӣ ин муқаддасотро ҳамеша поку беолоиш аз омехтагӣ бо бегонагиҳо ҳифз намоем ва ба наслҳои ояндаи худ ин эҳсосу эҳтиромро нисбат ба забони давлатии худ омӯзонем ва бештар аз ҳама, ҷиҳати амнияти миллат, якпорчагӣ, побарҷогӣ, ваҳдати миллӣ, ободу зебогардонии ҳамешагии Ватан, ҳифзу таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ба ҳамин монанд хислатҳои ҳамида ва ихлосу эътиқоди ватандориро дар қалби онҳо ҷой диҳем.

 

Аз мадди назарамон набояд дур монад, ки  гузаштагони мо ин забонро ҳамчун падидаи миллӣ  аз давраҳои қадим ҳифз карда, онро ба мо мерос гузоштаанд ва мо низ бояд ин ганҷи беназирро барои наслҳои ояндаамон бо ҳамин покиву шевоӣ ба мерос гузорем.

 

Дар фаровард бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ, ҳамаи Шумо - шаҳрвандони азизро ба муносибати «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик гуфта, бароятон саломатӣ, иқболу саодат, файзу баракат ва рӯзгори осударо  орзу менамоям.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

          

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail

Footer