ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАХОҲАД ШУД !
Мо имсол дар остонаи таҷлили 80-умин солгарди Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бугурги Ватанӣ қарор дорем. Тӯли ин солҳо мо аз далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки барои ҳифзи марзу буми худ ҷоннисорӣ намудаанд, ёд мекунем ва ҳеҷ гоҳ онҳоро фаромӯш намекунем.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) дар ҷаҳон яке аз муҳимтарин ва фоҷиабортарин рӯйдодҳои таърихии асри ХХ ба шумор меравад. Ин ҷанг на танҳо барои Иттиҳоди Шӯравӣ, балки барои тамоми ҷаҳон имтиҳони бузурги инсонӣ, ирода ва устуворӣ буд.
Қудрату тавоноии Артиши шӯравӣ аз матонату садоқати афсаронаш ибтидо мегирифт. Аз шуҷоати сарбозонаш, ки розӣ буданд баҳри ҳифзи халқу Ватан ҷони худро нисор кунанд. Ба ин гуфта, қаҳрамониҳои сарбозони тоҷик, ки худро ба болои мили танки душман партофтаанд, гувоҳ шуда метавонад.
Бояд гуфт, ки пирӯзӣ дар ҷанг бар ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст.
Яъне таърихи башар ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, ёд надорад.
Барои мардуми Тоҷикистон, ки дар он солҳо ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфтанд, ин ҷанг саҳифаи фаромӯшнашавандаи таърих аст, ки бо қаҳрамонӣ, фидокорӣ ва садоқат ба Ватан пур шудааст.
Он нам ман бошам, ки рӯзи ҷанг бини пушти ман,
Он манам к-андар миёни хоку хун бинӣ саре!
Ҳ.Юсуфӣ
Ҳангоми оғози ҷанг дар соли 1941, аксари аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекарданд ва иқтисоди ҷумҳурӣ асосан ба кишоварзӣ такя дошт. Бо вуҷуди ин, мардуми тоҷик аз рӯзҳои аввал ба муқобили Олмони фашистӣ яке аз аввалинҳо шуда, фаъолона ба сафи артиш ҳамроҳ шуданд. Зиёда аз 300 ҳазор нафар, яъне тақрибан 20% аҳолии онвақтаи ҷумҳурӣ, ба фронт сафарбар гардиданд. Аз ин шумора, беш аз 90 ҳазор нафар ҳалок ва зиёда аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд, вале бо шуҷоати худ дар муҳорибаҳои муҳим, аз ҷумла муҳофизати Москва, Сталинград ва Курск ширкат варзида, дар натиҷаи қаҳрамониву фидокории худ дар маҷмӯъ 54 нафар аз Тоҷикистон ба унвони олии шӯравӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил шуданд, 15 нафар бо ордени Шараф ва 56 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ гардиданд.
Воқеан, тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дур бо меҳру садоқат ба Ватан, меҳанпарастӣ ва ҳуввияти баланди миллии хеш машҳури ҷаҳон буданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба қиммати ҷони худ адо кардааст. Дар тӯли таърих фарзонафарзандони диловари тоҷик аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро ба кафи даст гирифта, мардонавор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистанд. Мардонагӣ ва садоқати аҷдодони мо дар набзи ашъори безаволашон низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кудаки хешу пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.
Боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз оѓози ҷанг дар баробари фиристодани ҳазорон сарбозони далеру шуҷоъ ба фронт, инчунин дар таъмини артиши Шӯравӣ бо либосу хӯрока барои пирӯз омадан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақши ногусастание гузоштааст.
Он замон Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба пойгоҳи муҳими таъминоти ғизо, аслиҳа ва маводи зарурӣ барои Артиши Сурх табдил ёфта буд. Колхозҳо ва корхонаҳо шабонарӯз кор мекарданд, то маҳсулоти кишоварзӣ, матоъ ва дигар маводро ба фронт интиқол диҳанд. Занон, кӯдакон ва пиронсолон дар шароити вазнин меҳнат карда, барои дастгирии ҷанговарон ҳиссагузорӣ намудаанд.
Дар миқёси ҷумҳурӣ беморхонаҳои ҳарбӣ ташкил шуданд, ки дар онҳо ҳазорон сарбозони маҷрӯҳ табобат ёфтаанд. Мардуми тоҷик бо меҳмоннавозии худ ба муҳоҷирон аз минтақаҳои ишғолшудаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба Тоҷикистон кӯчонида шуда буданд, кӯмак расондаанд. Занони тоҷик низ дар хати фронт ва ақибгоҳ қаҳрамониҳои беназир нишон додаанд, ки шоистаи таҳсин аст.
Хушбахтона, 9 майи соли 1945 бо имзои Санади таслимшавии Олмони фашистӣ дар Берлин, пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ ва иттифоқчиёнаш дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ расман эълон гардид. Ин рӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сулҳ бар ҷанг ва озодӣ бар истибдод аст.
Ҳамасола дар кишвари азизу маҳбуби мо Рӯзи Ғалаба яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатӣ буда, бо парадҳои ҳарбӣ, гулчанбаргузорӣ ба ёдгориҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ таҷлил мешавад.
Дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе маросими гулчанбаргузорӣ ба ёдгориҳои ҷанговарон ва собиқадорон баргузор мегардад. Дар саросари кишварамон ёдгориҳои зиёд ба хотираи қаҳрамонони ҷанг мавҷуданд. Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахши махсусе дорад, ки ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда, ашёҳои таърихӣ, хатҳо ва аксҳоро дар бар мегирад.
Рӯзи Ғалаба барои мардуми Тоҷикистон рамзи ваҳдати миллӣ ва хотираи абадӣ аст. Ин рӯз ба наслҳои имрӯза ёдрас мекунад, ки озодӣ ва сулҳ бо қимати гарон ба даст омадааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотираи иштирокчиёни ҷангро пос медорад ва собиқадорони ин набардро бо кӯмакҳои моддӣ ва ғамхории махсус қадрдонӣ мекунад. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар бисёр баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки таъмини онҳо бо шароити мусоиди зиндагӣ вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар, шахсони фаъол, соҳибкорон ва афроди ҳимматбаланд мебошад. Имрӯз бо таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ғалаба ба инсоният нишон медиҳем, ки мо танҳо бо муттаҳидӣ ва дӯстӣ метавонем сайёраро аз ҳар гуна даҳшату хунрезӣ ва қувваҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем.
Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқат ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ ба воя расонидани насли ҷавону наврас нақши бориз дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонфидоӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост. Вобаста ба ҳамин масъала Сарвари давлат чунин изҳори ақида намудаанд: «9 май рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад».
Яъне, истиқболи арзандаи Рӯзи ғалаба-рӯзи пирӯзии сулҳу дӯстӣ, оромиву нишот бар ҷангу душманӣ, ваҳшату хунрезӣ ва кибру хусумат аз ҳар лиҳоз хеле муҳим мебошад.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон сабақи муҳимеро омӯхт: сулҳ ва озодӣ арзиши бебаҳо доранд ва онҳоро бояд бо муттаҳидӣ ва талоши муштарак ҳифз кард. Дар шароити муосир, ки хатарҳои нав, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, коррупсия ва тағйирёбии иқлим амнияти ҷаҳонро таҳдид мекунанд, Рӯзи Ғалаба аҳамияти муборизаи якҷоя бар зидди бадхоҳонро бори дигар таъкид мекунад.
Ин рӯз ёдоварии абадӣ аз он аст, ки сулҳ ва озодӣ бояд ҳифз шаванд. Бо таманнои нек ба фардои дурахшони Ватани маҳбубамон, Рӯзи Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният мегӯем!
Ид муборак, ҳамватанони азиз!