23 ФЕВРАЛ - РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имсол дар Ватани азизу маҳбубамон бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Тавре ки аз таърихи инсоният бармеояд, артиш яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ, кафили соҳибистиқлолӣ ва таъмини амнияту субот буда, дастоварди бузург барои ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Бузургии ҳар як давлат аз нерӯ ва иқтидори бузурги артиш бошад, аз ҷавонони бо нангу номус ва ватандӯсташ вобастагии калон дорад. Халқи тоҷик аз қадим дорои артиши пурқувват ва паҳлавонони шуҷоъ буду ҳаст, ки фидокориҳову қаҳрамониҳои фарзонафарзандонаш саҳифаҳои таърихи миллатро ҷило медиҳанд.
Артиши миллӣ мактаби бузурги далериву мардонагӣ маҳсуб ёфта, хизмат дар сафи артиш нишонаи муҳаббату садоқат ба Ватан мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд, ки хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро, Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад. Чуноне ки шоир мефармояд:
Ватан боиси ифтихорам туӣ,
Ватан мазраи эътиборам туӣ,
Ватан тору пӯди вуҷудам туӣ,
Ватан қиблагоҳи суҷудам туӣ.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити хеле вазнин таъсис ёфта, аз рӯзҳои аввал дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва ошӯбҳои хиёнаткорона, ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокорона анҷом додааст.
Бо талошҳои Ҳукумати мамлакат Артиши миллӣ аз ҷиҳати моддиву техникӣ давра ба давра бо техникаҳои гуногуни ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардида, бо ҷалби коршиносони варзидаи хориҷӣ ва омӯзиши таҷрибаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои пешрафта мутахассисони варзидаи соҳаи ҳарбӣ омода карда мешаванд.
Имрӯзҳо Артиши миллии кишвар дорои мутахассисони ботаҷриба ва техникаҳои замонавӣ буда, ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат табдил ёфтааст.
Аз рӯи назари коршиносони минтақавию ҷаҳонӣ Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил гардида, дар як муддати начандон тӯлонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти кишвар хизмат намудан яке аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа дониста шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷараёни такмил ва ташаккули Артиши миллӣ, ба вуҷуд овардани сохторҳои таркибии он, ҳам аз лиҳози моддӣ-техникӣ ва ҳам пурра кардан бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ то ба имрӯз идома дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар пайваста тадбирҳои лозимаро андешида истодааст.
Бо иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан қувваи ҳарбиро соҳиб гардида, имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил ва дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба касбу савганд вазифаи бошарафи худ - ҳимояи ватан ва зиндагии осоиштаю меҳнати созандаи халқи худро анҷом дода истодаанд.
Мусаллам аст, ки ҳар як сокини кишвари маҳбубамон бо афсарони матиниродааш фахр мекунад, зеро онҳо Ватанро аз бегонагон муҳофизат мекунанд, марзу буми кишварро посбонӣ менамоянд ва дар таъмину пойдории сулҳу оромӣ нақши бориз доранд.
Манам вориси Рустами Достон,
Чу Восеи размовари паҳлавон,
Чу сарбози Темурмалики замон,
Наёбад зи ман душмани ту амон.
Ҳамин заҳмату хизматҳои шоёни ҳомиёни далеру шуҷои Ватан аст, ки мардуми кишвар санаи таърихии таъсисёбии Артиши миллиро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи мамлакати озоду соҳибихтиёрамон таҷлил менамоянд.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳомиёни Ватан бо садоқати бепоён нисбат ба давлату миллат минбаъд низ баҳри таҳкими интизоми ҳарбӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва баланд гардидани қобилияти ҳарбӣ ва иқтидори мудофиавии кишвар талош менамоянд ва рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар, миллат ва давлати Тоҷикистон бо сарбаландӣ иҷро мекунанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи афсарону сарбозони Артиши миллии Тоҷикистони азизу маҳбубро бо ҷашни мардонагиву шуҷоат муборакбод менамоем. Таманнои онро дорем, ки ҳамаи Шумо тансиҳату хонаобод ва сарбаланду саодатманд бимонед.
Ид муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!