ИСТИҚЛОЛИЯТ - БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Айни ҳол дар саросари кишвар мардуми тоҷик дар давраи омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

 

Дар робита ба ин, сокинони Ватан ба хотири таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ сарҷамъу аҳлона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд.

 

Таърих нишон дод, ки халқи тоҷик мардуми таърихан, табиатан ва воқеан бунёдкору созанда, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва фарҳангдӯсту сулҳпарвар маҳсуб ёфта, ба шарофати ҳамин хислатҳо аз гирдоби даҳшатбори ҷанги шаҳрвандии асри гузашта раҳоӣ ёфт.

 

Дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза таҳкиму тавсеаи чунин хислатҳои неки халқамон, бо ҳамин роҳ ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ барои давлатдорӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.

 

Одатан мардуми шарафманди тоҷик хушунату зӯроварӣ ва ҷабру зулми дигаронро ҳаргиз қабул надоранд ва барои ҳимояи Ватан, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва осоиши ҷомеа аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ҷони худро дареғ намедоранд.

 

Агар ба вазъи имрӯзаи дигар кишварҳои ҷаҳон назар афканем, ба ҷузъ аз ободиву осудагии кишвари худ дигар кишваре ба мисли Тоҷикистони соҳибистиқлол нахоҳем ёфт, ки ин сарзамини биҳиштосоро тӯли 33 сол шарафманд гардидем ва ифтихор бояд кунем.

 

Баракати Истиқлол аст, ки имрӯз мо дар тамоми манотиқи кишвар рӯзи ҷашну хурсандӣ дорем, дар ҳоле, ки баъзе кишварҳо оғуштаи хуну шаҳрвандонашон сарсону саргардонанд. Чунин рӯзҳои сангин бар сари мо ҳам омада буданд, хушбахтона бо ҳукми тақдир Сарвари хирадманде насиби мардуму кишварамон гашт, ки лаҷоми ҷангу хунрезиро сари вақт гирифта, бо заҳмату талошҳои беназир оромиву осудагиро дар Ватани ҷангзада таъмин ва гурезагонро ҷамъ оварда, кишвари воҳиду соҳибистиқлолу озодро бунёд гузоштанд.

 

Зикри ин нуқта бағоят муҳим аст, ки баҳри ба истиқлоли комил расидану чун давлати мустақил эътироф гардидани Тоҷикистон заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиранд.

 

Президенти кишвар ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро чунин зикр намуданд, ки: «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо буданд».

 

Мавсуф аз қадамҳои нахустин ҷоннисориҳои хешро даҳҳо маротиба исбот сохта, бо ҳамгироии мардуми кишвар ба бунёди давлати тоза шарафёб гашт. Аз ҷумла, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ ва бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратии кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид.

 

Мо мардуми тоҷик ҳамеша бояд аз Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор бошем, ки дар замони ноадолатӣ, нобаробарӣ синаи худро сипар намуда, ин неъмати бузургро ба мардуми тоҷик дода тавонистанд. 

 

Дар ин бобат шоири бузурги миллати тоҷик Лоиқ Шералӣ дар байти худ дар бораи якдил гардидану ба ҳам омадани миллати куҳанбунёду сарбаланд ва аз маҳалгароӣ ба миллатсозӣ даъват намудани халқи тоҷик таъкид намудааст:

 

 

 

Пас, биё даст ба ҳам додаву паймон созем,

 

Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.

 

Дар ҳарими диламон маъбади имон созем,

 

На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке инсон созем.

 

То дигар бор нагӯем, амон аз ману ту! 

То ба такрор нагӯем, амон аз ману ту! 

 

 

 

Шоир бо ин ғазали шашмисрагӣ - «Таркиби амон аз ману ту» тамоми паҳлӯҳои харобиовари маҳалгароиро пеши назар меорад. Таъкид гардидааст, ки нишонаҳои маҳалгароӣ аз бефарҳангӣ, бегонапарастӣ, беҳунарӣ ва натиҷааш зиддият, қатлу ғорат, мӯҳтоҷӣ, сарсониву саргардонии халқ ва харобиву гирифтории мулк мебошад. Шоир ин мисраҳоро қайд намуда, ягона роҳи аз ин вартаи ҳалокат раҳондани халқу Ватанро дар оштиву аҳду паймони ҳамватанӣ медонад.  

 

Маҳз ҳамин чиз муяссар гашт, ки мо мардуми тоҷик аз як гиребон сар бароварда, якдилу муттаҳид гашта, даст ба дасти ҳам ниҳода, он ҳама ҷабру зулмро тоқат намудем ва ба ин даврони исқиқлолият расидем.

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурқимат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. 

 

Бешак, чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ (Румӣ), Сайидои Насафӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш ва Шамсуддин Шоҳин барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

 

Аз ин хотир, мо мардуми куҳанбунёди тоҷик, бо тамоми ҳастӣ дарк менамоем, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. 

 

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву се сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳодаанд. Яъне бо гузашти ин давр мо амиқан дарк кардем, ки Истиқлолият яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоии Роҳбари давлат ба даст омадааст, ки имрӯз ҳифзи ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст. 

 

Бо назардошти ин, сиёсатмадорони бузурги олам ва коршиносони низоъҳои байналмилалӣ Пешвои миллати моро ҳамчун «Меъмори сулҳ» эътироф кардаанд.

 

Тоҷикистонро шинохтани кишварҳои ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. 

 

Маврид ба зикр аст, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз узви ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ буда, овози баробар ба тамоми мамолики дунёро дорад.

 

Феълан давлати мо бо як қатор кишварҳои ҷаҳон робитаи дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад.

 

Имрӯзҳо Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ соҳиби мақому манзалати хеле баланд гардида, дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ саҳмгузор ва ба ҳайси ташаббускор барои рафъи хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад менамояд. 

 

Албатта, дар рӯзгору ҷомеаи мо мушкилоти ҳалталаб вуҷуд доранд, аммо муҳим он аст, ки мо аз мушкилоти пешомада дар ҳарос набошем, корҳои ободониву созандагиро дилпурона идома бахшем, барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон содиқона хизмат намоему истиқлолият ва дастовардҳои онро таҳким бахшида, ҳифз намоем.

 

Ба таъбири дигар, Истиқлолият, ки сарҷамъиву муттаҳидии миллати моро таъмин намуд, ба фазои орому амн, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар ин росто, ба бунёди иншоотҳои бузурги ҳаётан муҳим замина гузошт.

 

Дар замони истиқлолият халқи тоҷик дастовардҳои беназирро мушарраф гардидааст. Таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ки аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва иртиботиву иқтисодӣ доштанд, дар сархати барномаҳои ҳукуматӣ қарор гирифт, ки имрӯз самараҳои неки онро бо чашми худ мебинем. 

 

Маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем.

 

Ва дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаҳои ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд намудем, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

 

Дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

 

Дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда ҳаҷми буҷети давлатӣ ҳамасола афзоиш ёфта, дар соли 2023 қисми даромади он ба 37 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2017-ум 54 фоиз зиёд мебошад.

Ногуфта намонад, ки саҳми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ барои соли 2023 назаррас аст.

 

Аз ҷумла, мақомот фаъолиятро дар самти назорати истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва молу мулки давлатӣ амалӣ намуда, дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказу гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ тафтишу санҷишҳо гузаронида, зарари молиявӣ ошкор намудааст.

 

Дар соли 2023 аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият 345,4 миллион сомонӣ ба давлат барқарор намудааст, ки 251,2 миллион сомонии он бевосита ба суратҳисоби буҷети давлатӣ ва 94,2 миллион сомонӣ бо роҳи даромад кардани воситаҳои пулию молӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо мебошад.

 

Ҳамзамон дар нимсолаи якуми соли 2024 Агентӣ 290,1 миллион сомонӣ ба давлат барқарор намудааст, ки 191,1 миллион сомонии он бевосита ба суратҳисоби буҷети давлатӣ ва 93,3 миллион сомонӣ бо роҳи даромад кардани воситаҳои пулию молӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо, инчунин 5,7 миллион сомонӣ ба дигар манбаъҳо рост меояд.

 

Дастовардҳои соҳаро агар номбар кунем, нишондиҳандаҳо дар ин самт хеле зиёданд ва ҳамаи ин натиҷаҳои назаррас бо заҳмату меҳнати шабонарӯзии кормандони Агентӣ ба даст омадаанд. 

 

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки тамоми кормандони мақомот бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, содиқ будан ба Роҳбари давлат ва халқи Тоҷикистон баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар саросари ҷумҳурӣ минбаъд низ талош варзида, вазифаи дар наздашон гузошташуда - назорати давлатии молиявӣ оид ба самарабахшии истифодаи воситаҳо ва амволи давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи пешгирӣ, ошкорсозӣ, огоҳсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро амалӣ хоҳанд кард. 

 

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мо ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба камол расонидем ва имрӯз дилпурона гуфтан мумкин, ки дар қалби онҳо муҳаббати Тоҷикистони азиз нақши устувор пайдо кардааст.

 

Бо вуҷуди ин, ҷомеаи моро зарур аст, ки аз макру ҳила ва найрангу фитнаҳои хиёнаткорони дохилию хориҷӣ ғофил намонад. Зеро оддитарин ғафлат метавонад боиси ба доми душманон афтидани афроде, алалхусус ҳамин насли наврас гардад.

 

Бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо ҷавонон гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, пеш аз ҳама, дар ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини хеш масъулияти бузург дорад ва моро вазифадор менамояд, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, устувории давлати худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳамеша кӯшишу талош намоем.

 

Муҳимтарин талабе, ки имрӯз дар назди ҳар сокини баномусу ватандӯсти кишвари мо қарор дорад, бо назари қадрдонӣ ба Ватани худ, миллати худ ва Пешвои муаззами худ нигаристан мебошад, зеро танҳо бо чунин тарзи муносибат роҳи дурахшонтару ояндаи беҳтарро сохтан мумкин аст.

 

Эътимоди комил аст, ки халқи бошарафу сарбаланди тоҷик бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати бунёдкорона ҳамаи ҳадафу нақшаҳои пешбинигардидаро амалӣ карда, Тоҷикистони азизамонро дар ояндаи наздик ба як кишвари нерӯманду пешрафта табдил медиҳад.

 

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

 

Маркази матбуот Агентӣ.


 

Чоп намудан